Сафари ҷавонон ба ноҳияи зебоманзари Ҳамадонӣ
Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад. Бо дарки ин нуқтаҳо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва рушду ташаккул ёфтани нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сол то сол ғамхорӣ нисбати ин қишри ояндадори ҷомеа меафзояд.
Ташрифи ҷавонон ба манотиқи гуногуни кишвар, вохӯриву робитаи онҳо бо ҳамсолони хеш ба ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ ва дӯстиву рафоқати байни ҷавонон мусоидат менамояд.
Бо ин мақсад бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро санаи 22-юми августи соли 2019 як гурӯҳ курсантон ва ҷавонони фаъоли кишвар ба ноҳияи зебоманзари Ҳамадонӣ сафар намуданд. Ҷавононро дар даромадгоҳи ноҳия мардуми шарафманди Ҳамадонӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол намуданд.
Ноҳияи Ҳамадонӣ бо доштани мавзеъҳои таърихӣ ва оромгоҳҳои бузургворон аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Ҷавонон сараввал аз мавзеи таърихӣ кӯҳи дар дунё машҳури намаки Хоҷамуъмин, ки дар ҳудуди ду ноҳия – Ҳамадонӣ ва Восеъ ҷойгир аст, дидан карданд. Тибқи ривоятҳо дар қадим ин кӯҳ бо номи Мехатон машҳур буд. Кӯҳи намак ва чашмаҳои оби мусаффои Хоҷамуъмин яке аз боигариҳои табии сарзаминамон ба ҳисоб меравад. Он аз намаксанги сафеди сабзгун ё бунафшбоб иборат буда, сатҳи болоияшро ҷинсҳои кӯҳии гаҷмонанд пушонидаанд. Захираи намаки ин кӯҳ 50 млрд. тоннаро ташкил дода, барои таъмини тамоми сайёраи Замин бо намак давоми сад сол басанда аст. Кӯҳ аз 160 чашмаҳои хурду калон иборат буда, чашмаҳои доимияш ба 30 адад мерасад.
Дар рӯзи дуюми сафар ҷавонон бо аҳли ҷамоатчигии деҳаи Сайроб вохурӣ анҷом доданд. Пас аз вохӯрӣ ҷавонон аз хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва хоҷагии деҳқонӣ ба номи Мирзошариф Сатторов дидан намуданд.
Инчунин, дар доираи сафар ҷавонон ва курсантон аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия боздид ба амал оварданд. Баъдан дар толори Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ, маҳфили адабии шеъру суруд бо иштироки сарояндагони шинохтаи кишвар баргузор гардид. Курсантон ва ҷавонони фаъоли кишвар аз ин сафар ба худ як ҷаҳон таассуроти нек бардошта, зикр карданд, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани фарҳангу маърифат ва ҳуввияти миллии насли наврасу ҷавон манфиатбахш мебошад.
Сафармуҳаммад МАРДОНОВ
Ҳокимҷон ҲАБИБЗОДА