Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон дар масири Истиқлолият

208Боиси ифтихор ва сарбаландии миллати тоҷик ва тоҷикистониён аст, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар фазои ороми сиёсӣ, сарфи назар аз мураккабиҳои ҷаҳони муосир, 28 умин солгарди Истиқлолияти хешро таҷлил менамояд.

Воқеан, Истиқлолияти сиёсӣ ва расидан ба Ваҳдати комили ҷомеа, бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар охири саддаи ХХ ва ибтидои асри ХХ1 мебошад.
Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва Истиқлол бо осонӣ ба даст намеоянд. Мо, миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи начандон дур барои дастёбӣ ба Истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва асили худро аз даст додаанд.
Вобаста ба масъалаи мазкур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд, ки «Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд».
Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат зикр намудаанд, ки «Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи истиқлолияти Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неруву тавон бахшидааст».
Бояд қайд намуд, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ саҳифаҳои навину дурахшонро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллати тоҷик ифшо намуда, чароғи ҳидояти фардои дурахшони Тоҷикистон гардид.
Инчунин, Истиқлолияти давлатӣ дар назди ин миллати фарҳангофар масъулияти басо бузург ва дар айни замон пуршарафро ба монанди: ҳифзи Истиқлоли давлатию манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳо ва суннатҳои фарҳангӣ, талаботи бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, бегазанд ба насли оянда интиқоли ин рисолати таърихиро тақозо намуд.
Ҳанӯз дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ миллати худогоҳи тоҷик ба хубӣ дарк намуда буд, ки Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст ва онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ, шарафу номуси ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллати хеш пайгирона бояд ҳифз намуд.
Мутаассифона ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи зарурӣ мавриди қадршиносӣ қарор нагирифт. Талошҳои сиёсии як зумра ашхоси мансабталаб, дахолату ғаразҳои сиёсии нерӯҳои дохиливу хориҷӣ боиси майдоншиниҳои тӯлонии ғайриқонунии мардум гардид.
Шиддати муқовиматҳои сиёсӣ торафт буҳрони сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангиро тезонида, боиси фалаҷ гардидани мақомоти ҳокимияти давлатӣ гардида, заминаи пайдоиши гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ба дасти мардум афтодани силоҳи ғайриқонунии оташфишон гардид. Ин падидаҳои номатлуб ва барои миллати тоҷик беона кишвари тозаистиқлоли моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, боиси ҳисороти зиёди моливу ҷонӣ намуд.
Гурӯҳҳо ва нерӯҳои сиёсӣ зикргардида дарк карда натавонистанд, ки ҳадафу арзишҳои Истиқлолият бояд бартару волотар аз ғаразу манфиатҳои сиёсӣ, ва шахсӣ қарор дошта, арзиши ин неъмати бебаҳо муқаддас ҳисобида шавад.
Идомаи муқовиматҳои сиёсӣ метавонист хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷикро ба воқеият табдил диҳад. Хушбахтона, дар чунин лаҳзаи ҳассосу тақдирсоз Иҷлосияи 16 – уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардида, асоси давлатдории навинро гузошт, ки идораи он ба души фарзанди фарзонаи миллат, роҳбари дурандешу сарсупурдаи кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.
Ба арсаи сиёсат ворид гардидани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон иттифоқ афтод, ки дар ин раванди ниҳоят мураккаб тавонист бори масъулияти пуштибонии Истиқлолият, таъмини сулҳу субот, амният ва оромии кишварро бар уҳдаи хеш гирад.
Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте масъулияти зимомдориро бар уҳда гирифтанд, ки кишвар дар оташи ҷанг месухт ва ба гирдоби нобудӣ фуру мерафт.
Шахсе, ки дар марҳилаи мураккабтарини таърихи давлату миллат масъулияти сарварии кишварро ҷасурона ба даст гирифт ва бо талошу иродаи бемисли худ боиси наҷоти киштии шикастаи давлатдории тоҷикон шуд. Дар натиҷа Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлат наҷот ёфт, балки ба як силсила дастоварди бунёдие, ки барои сарнавишти давлату миллати мо аҳамияти бисёр муҳим доранд соҳиб гардидааст.
Кӯшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, умедворию заковати мардуми бо нанги соҳибтамаддунамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27 – уми июни соли 1997 Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Барқарор гардидани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, истиқлолияти давлатиро бозҳам устувор гардонид ва нури умед ба ояндаи нек дар дили мардум роҳ ёфта, барои гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоидро фароҳам овард.
Имрӯз мақому манзалати Тоҷикистон дар сиёсати минтақавию байналмиллалӣ хело боло рафта, дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ саҳми худро гузошта, ҳамзамон ташаббускор барои рафъи хатароти имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад менамояд.
Дар барорбари ин дастовардҳо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки баҳри пойдории Истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавон якқатор чорабиниҳоро аз ҷумлаи азнавсозии тамоми сохторҳои низомиву қудратӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатиро амали созад.
Бояд гуфт, ки дар баробари дигар мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ низ якқатор такмилу аз навсозӣ сурат гирифта, ҳоло низ чунин раванд бо суръат идома дорад.
Ҳамин тариқ, бо амали намудани чораҳои мазкур заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ гузошта шуд.
Албатта, дар рӯзгору ҷомеаи мо мушкилоти ҳалталаб вуҷуд доранд, аммо муҳим он аст, ки мо аз мушкилоти пешомада дар ҳарос набошем, корҳои ободониву созандагиро дилпурона идома бахшем, барои пешрафту шукуфои ватани азизамон содиқона хизмат намоему Истиқлолият ва дастовардҳои онро таҳким бахшида, ҳифз намоем. Бо назардошти ин, аз ҳар фарди бо нангу номус ва ватандӯсту ватанпараст тақозо мегардад, ки бо иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи худ ҳар чи бештар заҳмат кашида, бо эҳсоси масъулият ва ифтихор аз давлату давлатдории милати куҳанбунёдамон ва бо истифода аз тамоми имконияту сатҳи дониш ва маҳорату малакаи худ пешрафту ободии Тоҷикистонро ба таври арзанда таъмин намоем.
Итминони комил дорем, ки мардуми шарифу заҳматталаби тоҷику тоҷикистонӣ, бо шукронаи давлати озоду соҳибистиқлол, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мушкилоти ба вуҷуд омадаро бо азму иродаи қавӣ ва кору фаъолият баротараф намуда, барои рушди иқтисодиёт шукуфои илму фарҳанг, таъмини субботу амният, таҳкимми қонуният ва истиқлолияти давлати кӯшиш менамоем.

Самиъзода Бахтиёр Салим,
омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...