Маросими савгандёдкунӣ
Имрӯз (27.08.с.2019), дар Вазорати корҳои дохилӣ маросими савгандёдкунии 114 нафар кормандони ҷавони милитсия ва курсантони Академияи ВКД, ки дар Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти ВКД, падару модарони курсантон ва кормандони ҷавони милитсия иштирок намуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас курсантон ва кормандон дар назди ҳозирин бо тантана Савганди садоқат ёд намуданд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода И.И. курсантон ва падару модарони кормандони ҷавони милитсияро ба ин рӯзи фаромӯшнашаванда, маросими Савгандёдкунии наздиконашон, табрику муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки хизмат ба давлату миллат, ҳимояи марзу буми он ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон барои ҳар фарди ватандӯст ифтихор аст ва рӯй овардани ҷавонон ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои низомӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ доштани онҳо дарак медиҳад.
Дар идомаи суханронӣ муовини Вазири корҳои дохлилӣ бо боварӣ зикр кард, ки кормандони ҷавони милитсия ва курсантон ба Савганди ёдкардаи худ устувор монда, ба халқу Ватан содиқонаву самимона хизмат мекунанд. Ҳамчунин бо ёдоварӣ аз таърих ва фаъолияти мушкилу заҳматталаб, вале пурифтихори милитсияи тоҷик изҳор гардид, ки корманди ВКД будан ва омӯхтани ин пешаи пуршараф боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби курсантон ва кормандони ҷавони ВКД якчанд машқҳои низомӣ ба намоиш гузошта шуд. Инчунин волидон ва наздикони онҳо ба роҳбарияти давлат ва Вазорати корҳои дохилӣ миннатдории худро баён намуда, иброз доштанд, ки имрӯз барои мо ва фарзандонамон рӯзи хотирмону фаромӯшнашаванда боқӣ хоҳад монд, зеро фарзандони мо ҳамчун корманди милитсия посдори обу хоки ин сарзамин монда, ба Ватан-Модар содиқона хизмат мекунанд.
Марши тантанавӣ, ки аз ҷониби кормандони ҷавони милитсия ба роҳ монда шуд, хотимабахши чорабинии имрӯза гардид.
Абдуллозода Эҳсон
Саидзода Муродалӣ