Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузор намудани семинари серӯза дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

201

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми худ 26 декабри с.2018 бори дигар таъкид намуд, ки таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриғонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.

202203

Бинобар ин ва ҷиҳати иҷроиши супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 июли с.2019 таҳти № 113461, инчунин, бо дастгирии раёсати Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи ВКД таърихи 21-23 августи соли равон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва мубодилаи иттилооти оперативӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи муҳаддир ва марҳилаи таҷрибавӣ оид ба таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ дар асоси иттилооти оперативӣ» (Правоохранительные системы для сбора, анализа и обмена оперативной ифнормацией в сфере борьбы с наркотиками и пилотная фаза инициативы по обеспечению правопорядка на основе оперативной информации) баргузор гардид. Мақсади асосии тренинг ин баланд бардоштани маҳорату малакаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳиссоб меравад.
Семинарро муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. оғоз намуда, боварии комил иброз намуд, ки семинар дар сатҳи зарурӣ баргузор гардида, иштирокчиён соҳиби донишҳои нав мегарданд.
Тренери семинар хонума Амелия Ханнафорд - корманди пуртаҷриба, ки собиқаи кории зиёд дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи муҳаддир дорад, ҷалб гардидааст.
Ҷиҳати омӯзиш дар кори тренинг 18-нафар кормандон аз Агентии назорати маводи мухаддир, Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти Гумрук ва Вазорати корҳои дохилӣ ҷалб гардидаанд.

204

Дар рафти семинар масъалаҳо вобаста ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар асоси иттилооти оперативӣ, иттилоот дар фаъолияти оперативӣ, давраҳои фаъолияти оперативӣ: қабули қарор ва ҷамъ намудани маълумот, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар рафти ҷамъоварии иттилоот, ҳимояи маълумот ва мушоҳидаи шахсӣ ва ғ. баррасӣ шуда буданд.
Дар охири семинар ба иштирокчиён сертификатҳо супорида шуданд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...