Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ

198

Бо ин мавзӯъ санаи 16 августи соли 2019 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Чорабиниро сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Академия, полковники милитсия Абдуллозода А.Ё. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки таърихи бою куҳани кишвари азизамон Тоҷикистон воқеаҳои сиёсии зиёдеро паси сар кардааст, ки ҳар кадоме дар марҳалаи худ дорои нақши махсус мебошад. Дар таърихи навин волотарин дастоварди ин куҳандиёр соҳиб шудан ба истиқлоли давлатӣ мебошад.

Баъдан вобаста ба нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ муаллими калони кафедраи фаъолияти маъмурӣ, майори милитсия Ғафурзода Д.А. баромад намуда, қайд кард, ки халқи Тоҷикистон дар ин марҳилаи тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз миёни халқ баромада ва барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта метавонад.
Дар давом Ғафурзода Д.А. вобаста ба ҳисси ҷасорат ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат, ки то имрӯз яке аз омилҳои муҳими таҳкими давлатдории миллии мо дониста мешавад суханронӣ намуда, аз ҳозирин ватандӯстӣ, муҳаббат ба Пешво, ваҳдат ва сулҳу ҳамдигарфаҳмиро, ки яке аз рукнҳои асоии давлатдории мо ба ҳисоб меравад, даъват ба амал овард.

199200

Ҳамчунин баромадкунанда аз чор ҳадафи стратегии мамлакат хотиррасон намуда, қайд кард, ки дар сурати амалӣ гардидани ин ҳадафҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари тарақикардаи ҷаҳон табдил меёбад.

Убайдуллоев Ш.Э.
Нуруллозода М.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...