Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти курсанти Академияи ВКД дар озмун

a26

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва маърифатнокии хонандагону донишҷӯён аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро моҳи июли соли 2019 дар ноҳияи Ховалинг дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва хонандагони мактабҳои миёна озмун дар мавзӯи романи “Восеъ” баргузор гардид. 

Бо супориш ва роҳнамоиҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ 4 нафар курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: Маҳмадуллозода Довудхӯҷа Фатҳулло, Муҳаммадрофеъи Авазхон, Солиҳзода Иғболшоҳ Ибодулло ва Кабирзода Умедҷони Искандар зери роҳбарии сардори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда, капитани милитсия Нуруллозода Меҳрулло иштирок намуданд.
Аз байни зиёда аз 300 нафар иштирокчӣ ба курсанти курси 2 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ Маҳмадуллозода Довудхуҷа Фатҳулло муяссар гардид, ки дар ин озмун сазовори ҷойи аввал ва соҳиби шоҳҷоиза ба маблағи 3000 сомонӣ гардад.
Ин албатта боиси хушнудист, ки курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар тамоми чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангии сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҳатто ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд ва мунтазам сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
МЕҲРУЛЛО Нуруллозода, капитани милитсия,
ҲОКИМҶОН Ҳабибзода сержанти милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...