Хатми навбатии намояндаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия
Санаи 20-уми июли соли ҷорӣ дар толори «Шараф»-и Осорхонаи Марказии Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Москва маросими ботантанаи хатми шунавандагон ва адъюнктони Академияи идоракунии ВКД Россия баргузор гардид. Дар маросим муовини аввали Вазири корҳои дохилии Россия, генерал-полковники политсия Александр Горовой иштирок карда, қайд намуд, ки ба даст овардани диплом оид ба хатм намудани ин муассисаи бонуфуз ин маънои хотима не, балки давомнокӣ ва оғоз намудани роҳ ба сӯйи илм мебошад ва боварии комил баён намуд, ки хатмкунандагон фаъолияти худро дар соҳаи илм ва таълим бо шаъну шараф идома хоҳанд дод.
Мавриди зикр аст, ки дар маросими мазкур ҳамчунин, намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз онҳо корманди Академияи ВКД – омӯзгорои калони кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети № 2, майори милитсия Ҳайдарзода Зафар Пирмаҳмад буда, ҳамчун хатмкунандаи факултети № 3 Академияи идоракунии Россия иштирок намуд ва сазовори диплом оид ба гирифтани тахассуси «Тадқиқотчӣ. Омӯзгор-тадқиқотчӣ» ва диплом оид ба гузаштани курсҳои таълимӣ дар Донишгоҳи фарҳанг дар назди Академияи идоракунии ВКД Россия гардид.
Ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД хатмкунандаи худро табрик намуда, дар корҳои илмӣ-тадқиқотии минбаъдаи он комёбиҳои беназир таманно дорад.
Шъубаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон