Ҳимояи корҳои дипломии хатмкунандагон -фиристодашудагони Тоҷикистон дар Россия тариқи он-лайн
Барои беҳтар намудани ҷараёни омодасозӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки бо Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 алоқамандии зиҷ дорад, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад. Аз ин рӯ, мувофиқи иҷроиши бандҳои дахлдори Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмие, ки 26 апрели соли 2018 байни Академияи ВКД ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Барнаул ба имзо расида буд, санаҳои 17-18 июли соли ҷорӣ мутахассисони Академияи ВКД дар он-лайн ҳимояи корҳои дипломии хатмкунандагони Донишкадаи мазкур, ки панҷ сол пеш аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкада фиристода шудаанд, иштирок намуданд.
Бояд зикр намуд, ки гузаронидани чунин чорабинӣ дар Академияи ВКД бори нахуст баргузор гардид ва аз номи Вазири корҳои дохилӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-полковники милитсия Р.Ҳ. Раҳимзода, инчунин, сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Ф.Р. Шарифзода пурра ҷонибдорӣ карда шуд.
Мутахассисони Академияи ВКД: Арипов А.Л. – сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия, Абдурашидзода А.А. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия, Назаршоев Ф.Ю. – омӯзгори калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия ва Бухоризода Б.Р. – омӯзгори калони кафедраи такмили ихтисоси факултети №3, номзади илмҳои ҳуқуқ, капитани милитсия хулосаҳои худро ба корҳои дипломии 10-нафар хатмкунандагон пешниҳод намуда, дар рафти ҳимоя саволҳо ва масъалаҳои пайдошударо садо доданд.
Чорабинии мазкур дар сатҳи баланд гузаронида шуда, корҳои дипломии хатмкунандагон ба таври мусбӣ қабул гардиданд.
Дар охири чорабинӣ ба иштирокчиён ҳамкории пурсамар ва натиҷабахшро дар оянда таманно намуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу-нашр