Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

189

Имрӯз (17.07.с.2019), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо хатмкунандагони Академияи ВКД баргузор гардида, роҳбарияти Вазорат ҳамаи хатмкунандагонро табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон барору муваффақиятҳо таманно намуд.

77

Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ зикр кард, ки шумо хатмкунандагони ин даргоҳи илму маърифат анкун корманди яке аз мақомоти бузурги қудратӣ гардидед ва бояд қайд кард, ки вазифаи ҳар як корманди милитсия пеш аз ҳама ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва нигоҳ доштани амнияти давлату миллат аст. 
Дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти сокинони кишвар, риояи қонуният ва мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ бе иштироки шаҳрвандон ғайриимкон аст. Такя намудан ба кӯмаки шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, яке аз шартҳои муҳим ва самараноки фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ оид ба огоҳонидан ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ ба ҳисоб меравад.

7879

Дар анҷоми вохӯрӣ, хатмкунандагон изҳор доштанд, ки якдилонаву софдилона барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳама гуна амалу кирдори хилофи қонун фаъолияти худро ба роҳ монда, ба Ватан содиқона хизмат менамоянд. 
Абдулмуъмин ЗАЙНИДДИНЗОДА

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...