Сазовори унвони илмии Дотсент…
«Танҳо зан ва модари бомаърифат муайянкунанда ва созандаи маърифати миллат аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Илму маърифат майдони раҳнавардони воқеист ва дар ин ҷоддаи муқаддас на ҳар ҳавасбозро маҷоли озмоиши табъу завқ бувад. Мегӯянд, ки рисолати аҳли фазлу хирад ҳам ба масал деҳқониро монад ва агар деҳқон тавассути қуввати бозу ва арақи ҷабин резондан аз замини ризқофарин рӯзии ҳалоли худ ва пайвандонро пайдо кунад, аҳли илму маърифат туфайли ковишу ҷустуҷӯ, шабзиндадориву азхудгузаштанҳо аз дарёи ақл ба қадри имкону тавон марворидҳои нуҳуфтаро пайдо намуда, пешорӯи ҳамзамонону ояндагон мегузорад.
Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ нақши занон дар самти фаъолиятҳои гуногун афзуда, барои фаъолияти пурсамари онҳо имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занони ҷумҳурӣ, алалхусус занони фаъолу фидокор таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Маҳз ғамхорию дастгирӣ ва сиёсати дурандешонаи ин абармарди дунёи сиёсат аст, ки имрӯз зани тоҷик дар ҳама маъракаҳои муҳиму сарнавиштсози даврони истиқлолият нақши созанда ва ибратбахш доранд. Зани тоҷик дар рушду нумӯи илм низ саҳми босазо дорад. Азизаи Давлатшоҳ номзади илми педагогика, полковники милитсия дар арафаи ҷашни бошукӯҳи 27-солагии Ваҳдати миллӣ бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони бошарафи илмии дотсент сазовор гардид. Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар ҷаласаи Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳодатномаи дотсентиро ба таври тантанавӣ ба полковники милитсия Давлатшоева А.Ш., супорида ба ӯ дар ҷодаи илму маърифат комёбиҳо таманно намуд.
Бобозода Нилуфар
Гул Маҳбуба