ТАБРИКНОМА
Мутобики банди 18 Низомномаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 116 “Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор)” (қарори Ҳукумати Чумхурии Тодикистон аз 26 ноябри 2016, № 505), ба сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия ДАВЛАТШОЕВА АЗИЗА ШИРИНБЕКОВНА унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси “Педагогика” дода шудааст.
Роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати гирифтани унвони илмӣ бо самимияти саршор таҳният гуфта, саодати рӯзафзуни рӯзгор, осудагӣ ва дар корҳои илмӣ-тадқиқотии минбаъда комёбиҳои беназир таманно доранд.
Шӯъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр