Хатми афсарони факултети №4 Академияи ВКД
Ба муносибати хатми афсарони ҷавон дар Факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 25 июни соли ҷорӣ, маросими идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., сардори факултети №4 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Насуриён П.А. ва як қатор меҳмонон аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин волидайну пайвандони афсарони ҷавон иштирок доштанд.
Чорабинии мазкурро сардори Академияи ВКД ҳусни оғоз бахшида зикр намуд, ки боиси хушнудист, ки чорабинии мазкур ба ифтихори рӯзи Ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардуми тоҷик, ва бо рӯзи хатм дар Факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст.
Имрӯз мардуми меҳнатдӯсту сулҳхоҳи Тоҷикистон 22-юмин солгарди Ваҳдати миллиро дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ таҷлил менамоянд. Ин рӯзи таърихӣ воқеан ба марҳилаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард ва миллати сарбаланди тоҷик зери роҳбарии фарзанди фарзонаи барӯманди миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ва созандагию ободкорӣ машғул ҳастанд. Шумо низ хатмкунандагон дар оянда кору фаъолият бурда, бо як ҳисси миллӣ барои Сарвари давлати худ, барои Ватани азизи худ бояд саҳми худро гузоред.
Сардори Академияи ВКД тамоми хатмкунандагони ин боргои илму маърифатро табрик гуфта, барояшон роҳи сафед, рӯзгори обод, саломативу хушбахтӣ ва садоқату самимиятро орзу намуд.
Ҳамчунин аз тарафи сардори шӯъбаи кор бо ҳайати шахсии Академияи ВКД полковники милитсия Абдуллозода А., Фармони ВКД қироат гардид, ки ба 49-нафар рутбаи лейтенанти милитсия, ба 43-нафар рутбаи лейтенанти хурди милитсия, ба 37-нафар рутбаи лейтенанти хизмати дохилӣ дода шуд.
Дар идомаи чорабинӣ намояндагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дастаи фарҳангии худ шеърҳо дар васфи ваҳдату дӯстиро пешниҳоди ҳозирин гардонида, табъи иштирокчиёнро шод гардониданд.
Дар охир ба ҳамаи афсарони ҷавон Дипломҳо бо тантана супорида шуда, аз ҷониби санъаткорони вилояти Суғд барои болидахотирии ҳозирин барномаи фарҳангӣ пешкаш гардида, бо гузашти низомӣ чорабинии идона ҳусни анҷом ёфт.
муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва
такмили ихтисоси факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитани милитсия Баҳодурзода М.