Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Шакл ва усулҳои муосири такмили ихтисоси кормандони МКД»

116

Тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ – тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 декабри соли 2017 дар толори Шӯрои олимони Академияи мазкур аз ҷониби кафедраи такмили ихтисос мизи мудаввар дар мавзӯи «Шакл ва усулҳои муосири такмили ихтисоси кормандони МКД» бо иштироки омӯзгорони факултети №3 ва шунавандагони курси такмили ихтисос аз ҳисоби кормандони Хизмати посбонию-пайроҳадории милитсияи ВКД баргузор гардид.

117

Дар мизи мудаввар муаллими Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Темиров Валӣ Тиллобоевич дар мавзӯи «Роҳҳои усули баланбардории самаранокии курсҳои такмили ихтисос», муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Асламов Бозаралӣ Сафаралиевич дар мавзӯи «Шакл ва усулҳои педагогӣ-психологии такмили ихтисос дар МКД: мутобиқгардонии онҳо ба фаъолияти амалӣ», муовини сардори факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Солеҳзода Фароғат Фатҳиддин дар мавзӯи «Мафҳуми такмили ихтисос, пешниҳодҳо барои беҳтарсозии он», сардори кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.сиёсӣ., подполковники милитсия Ҳалимзода Дилафруз Додихудо дар мавзӯи «Фармон ва дастурамалҳои МКД оид ба баланд бардоштани сифати такмили ихтисос дар МКД» маърӯза намуданд. 

Мизи мудаввар дар сатҳи баланд бо баррасии масъалаи ба миёнгузошта баргузор гардида, пешниҳодҳои хуб дар самти беҳтарсозии сифати курсҳои такмили ихтисос садо доданд.
Ҳалимзода Д.Д., сардори кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД н.и.сиёсӣ., подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...