Конференсияи илмӣ –амалӣ дар ДМТ
25 июни соли равон, дар факултети ҳукуқшиносии ДМТ бо иштироки васеъи олимони ҷумҳурӣ, ҳамчунин намояндагони Академияи ВКД конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзȳи «Рушди падидаҳои адолати судӣ ва назорати прокурорӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар он дар бораи дастовардҳои илмӣ, ҳамчунин фаъолияти илмӣ-педогогии устоди факултети ҳуқукшиносии ДМТ Абдуллоев Н.А. дар тарбияи мутахассисони соҳаи ҳуқуқ сухан рафта, маърӯзачиён аз ҷумла, Маҳмудов И.Т., Искандаров З.Ҳ., Бадридинзода С.Э., Мирзамонзода Ҳ.Ғ., Фозилов М.Н. бо маърӯзаҳои гуногун баромад намуда, ҳамчунин дар бораи фаъолияти босамари устод Абуллоев Н.А. маълумоти муфассал доданд.
Дар баробари ин ректори ДМТ академик Имомзода М.С., декани факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент Раҳмонов Д.С., вакили Маҷлиси Намояндагон д.и.ҳ. Сафарзода Б.А., муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Собирзода А.Ҷ. ба ифтихори 80-умин солгарди устод Абдуллоев Н.А. ӯро муборакбод намуда, аз кору пайкори ин олими намоён ёдовар шуданд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти ВКД устод Абдуллоев Н.А. бо медали ҷашнии «25-умин солгарди Академияи ВКД» қадрдонӣ гардид. Ҳамчунин дар рафти конференсия олимони ДМТ иброз намуданд, ки имрӯз Академияи ВКД ба яке аз марказҳои пуриқтидори илмӣ табдил ёфтааст, ки минбаъд ҳамкориҳои илмӣ бо он густариш хоҳанд ёфт.
Асламов Б., Сафарова С.