Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шанбегӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

 176

Дар арафаи таҷлили Рȳзи Ваҳдати миллӣ дар Академияи ВКД як қатор чорабиниҳои муфид, аз қабили идона оро додани саҳну даромадгоҳи бинои таълимӣ, тозаю озода кардани атрофи Академия ва факултетҳои он, қитъаи замини ҷудошуда вобаста ба кишти маҳсулоти полезӣ гузаронида шуда, дар он роҳбарият, ҳайати омȳзгорон ва курсантон ба таври фаъолона ширкат намуданд.

 177

Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар партави иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба корҳои кабудизоркунӣ ва беҳдошти экологӣ бо ташаббуси сардори Академияи ВКД мунтазам дар Академия ва ноҳияҳои гуногуни шаҳри Душанбе аз ҷониби омȳзгорону курсантон чунин корҳои ободонӣ ва созандагӣ гузаронида мешаванд, ки пойтахти азизамон шаҳри Душанбе боз ҳам зебову хуррам мегардад.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...