Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи намояндагони ВКД Ҷумҳурии Беларус ба Академияи ВКД

171

Мувофиқи бандҳои 7 ва 8 Нақшаи будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ВКД Ҷумҳурии Беларус, ки санаи 20 июни соли 2019 аз тарафи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия И.И. Умарзода тасдиқ шуда буд, таърихи 25 июни соли ҷорӣ ба Академияи ВКД сардори шуъба оид ба ислоҳот ва тараққиёти дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус, полковники милитсия Балухтин Михаил Анатолевич ва сарнозири калон оид ба супоришҳои махсуси шуъбаи мазкур, подполковники милитсия Захаренков Алексей Владимирович ташриф оварданд. 

Мақсади ташриф овардан – ин аз наздик шиносоӣ намудан ба низоми таълимӣ, инчунин, хусусиятҳои ташкил намудани раванди таълим дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Меҳмононро муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, полковники милитсия Аидзода З.А., муовини сардор оид ба кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Собирзода А.Ҷ., муовини сардор оид ба низом, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Ализода А.Ш., роҳбарони воҳидҳои таълимӣ ва илмӣ-таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.

172173

Меҳмонон бо роҳбарони ҷузъу томҳои Академияи ВКД оид ба корҳои илмӣ-таълимӣ мулоқот намуданд. Сипас, меҳмонон бо инфраструктураи нави Академияи ВКД шиносоӣ пайдо намуда, ба баъзе синфхонаҳо, аз ҷумла, синфхонаҳои махсуси факултети № 6, ҳолатҳои фавқулоддаи факултети № 5, техникаи махсус, китобхонаи электронии шуъбаи илм, тири электронӣ, студияи телевизиони «Наврӯз» ва ғайра ташриф оварданд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...