Нақши милитсияи тоҷик дар таҳкими Ваҳдати миллӣ
Дар таърихи ташаккулёбии ҳар давлату миллат давраҳои тақдирсоз ва гардишҳои ҳалкунандае рух медиҳанд, ки омили асосии сарҷамъӣ ва бақои миллат баромад намуда, дар роҳи навсозиҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ, инчунин худшиносиву худогоҳӣ ва рушду камоли миллат аҳамияти фавқулодда бузург касб менамояд.
Миллати фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик ва умуман тоҷикистониён дар фароварди садаи ХХ соҳиби ду дастоварди ниҳоят арзишманд бо номи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ гардидаанд, ки асоси ҷовидонии ин миллатро дар арсаи таърих таъмин намуданд.
Имрӯзҳо бошад мардуми сарбаланди тоҷик ва тоҷикистониён таҷлили 22-юмин солгарди рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 22 сол муқаддам миллатамонро аз вартаи парокандагӣ ва ватанамонро аз хатари нобудӣ раҳо дода, дар таърихи мо – тоҷикон санади тақдирсоз мебошад, сарбаландона таҷлил намуданд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистони азизи мо дар 28 соли даврони соҳибистиқлолӣ бидуни шак дастовардҳои хело зиёд дорад, аммо муҳимтарин ва бузургтаринаш ҳамоно дарёфти сулҳу оштӣ мебошад.
Албатта, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва Ваҳдати комили ҷомеа буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Ин дастоварди нодири миллат, ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.
Миллати сарбаланди тоҷик ва умуман тоҷикистониён хуб дар ёд доранд, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалач гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд.
Хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, хосатан, иродаи қавӣ ва сарсупурдагиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирем, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем ва нуфузу эътибори давлати хешро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи бесобиқа баланд бардорем.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон воқеан аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гаштаю ҳамчун мактаби омӯзиш пазируфта шудааст. Бинобар ин моро имрӯз лозим аст, ки аз арзишҳои ин неъмати бебаҳои таърихӣ дуруст истифода барем ва насли имрӯзи миллатро аз воқеият ва зарурати нигоҳдошт ва таҳкими он бархурдор намоем.
Лозим ба ёдоварист, ки дар раванди таъмини суботи сиёсӣ ва Ваҳдати комили ҷомеаи Тоҷикистон, талошу ҷонисориҳои ҳар фарди огоҳи ин миллат, хосатан қишри равшанфикрони ҷомеаи Тоҷикистон, ки роҳбарии онҳоро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ӯҳда доштанд аҳамияти бориз дорад. Маҳз тавассути чунин хизматҳои бемисл Тоҷикистони биҳиштосо аз вартаи нобудӣ ва ҳалокати сиёсӣ наҷот ёфт.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари ҳама ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ, мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба чунин имтиҳону озмоиши таърихи даҳшатбори миллат, ки ибтидои солҳои 90 уми асри ХХ, бо таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ҷомеаи Тоҷикистонро фаро гирифта буд, рӯ ба рӯ гардид.
Саҳифаҳои аввалини таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои Истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу Савганд, инсондӯстиву ватандӯстӣ ва аз дигар ҷониб пур аз фоҷиаро ифшо намуд. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла фалач гардидани сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, тафаккури шаҳрвандонро фаро гирифтани ноумедӣ ва умуман бесуботии сиёсӣ, милитсияи тоҷик аз иҷрои вазифаву уҳдадориҳояш, ки миллату давлат дар назди он гузошта буданд, усулан сарпечӣ накард ва дар ин раванди ниҳоят душвор баҳри таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти комили ҷомеаи Тоҷикистон ҷонисориҳои бемисл анҷом додааст. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ин ҷода чунин зикр намудаанд. «… Ҷасорат ва мардонагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар солҳои барқарорсозӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ аз худ нишон доданд, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири халқ зудуда нахоҳад шуд».
Дар бораи сулҳи тоҷикон, паҳлӯҳои гуногуни он асару мақолаҳои илмӣ, ёддоштҳо ва назару андешаҳои донишмандон ва хосатан иштирокчиёни бевоситаи раванди музокироти сулҳи тоҷикон ба тасвиб расидаанд, вале мо тасмим гирифтем, ки дар атрофи нақши милитсияи тоҷик дар мусоидат ва таҳкими сулҳ дар кишварамон чанд андешаҳои хешро баён намоем. Зеро дар бораи нақши милитсияи тоҷик ва умуман ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷумҳурӣ маълумот камтар ба назар мерасанд. Аввалан бояд таъкид намуд, ки дар тамоми давраи муқовимати шаҳрвандӣ кормандони милитсия аз тинҷиву амнияти кишвар пуштибонӣ мекарданд ва ҳамеша дар сафи пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ қарор доштанд. Дар мамлакат даҳҳо ва садҳо гурӯҳҳои хурду калони ғайриқонунии ҷиноятпеша амал мекарданд, ки сулҳу субот ва тинҷии кишварро намехостанд.
Ҳамзамон, дар тамоми зинаҳои музокирот ва гуфтушунидҳо баҳри таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз иқдомҳои сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, дар роҳи пиёда намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати конститутсионӣ пайваста талош варзидаанд. Илова бар он, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар сангарҳо алайҳи олами ҷиноят мубориза мебурданд, дар фаъолияти рӯзмарраи раванди музокирот ва минбаъд Комиссияи оштии миллӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар ҳаллу фасли бисёр масоили сарбастаю мураккаби раванди оштии миллӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ин муддат вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намуда, баҳри расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолият ва суботи комили ҷомеа ҷасорату мардонагӣ нишон дода, дар ин роҳ ҷони беш аз 2000 нафар кормандони худро аз даст додааст, ки албатта имрӯз ёди онҳоро бо некӣ ба забон оварда, барои насли имрӯзи милитсияи тоҷик намунаи ибрат мешуморем.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки замони мураккаб гардидани вазъияти сиёсӣ, ягона унсуре, ки ҳамеша баҳри амалӣ гардонидани ниятҳои нопоки хеш оғоз менамоянд гурӯҳҳои ҷиноятпеша мебошанд. Яъне бо ҳар роҳу восита мехоҳанд то, ки ҳаёти осоиштаи мардумро мушкил гардонида, қишрҳои тангназар ва маҳдуди ҷомеа ва пеш аз ҳама ҷавонони ноогоҳро ба доми фиреб кашида, барои худ ва манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии хеш нафъ ба даст оваранд. Албатта ҳаводиси сиёсии солҳои ибтидои Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли равшани гуфтаҳои мазкур буда метавонанд.
Инчунин мақомоти корҳои дохилӣ дар ин солҳои мудҳиши таърихи миллат, бо вуҷуди фалач будани ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, инчунин бо зуҳуроти нави ҷинояткорӣ аз ҷумлаи терроризм, ифротгароӣ ва ғайраҳо рӯ ба рӯ гардид, ки дар замони пешин ба чашм намерасиданд.
Албатта, ҳамаи ин омилҳо дониш, маҳорату малака, кордонӣ андешидани чораҳои нав ба нави фаврӣ, интихоби роҳу усулҳои нави мубориза, таъсиси шуъбаву раёсат ва ҷузъу томҳои нав ба навро дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ва қабули меъёру санадҳои ҳуқуқиро тақозо дошт, ки албатта бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохилӣ аз уҳдаи он низ сарбаландона баромада, имрӯз ба як сипари боэътимоди миллату давлат ташаккул ёфтааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ сарфи назар аз мураккаб боқӣ мондани фаъолияти касбияш баҳри таъмини сулҳу субот, таҳкими Истиқлоиляти давлатӣ ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ аз тамоми захираву имкониятҳои хеш истифода бурда, дар сафи пеши мубориза қарор дошт.
Дигар падидаи нодире, ки дар раванди сиёсати сулҳофарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми бомуваффақияти музокироти сулҳи тоҷикон таъсис дода шуд Комиссияи оштии миллӣ буда, ҳадафи асосии он тадбиқи амалии талаботи ҳуҷҷатҳое, ки дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон ба имзо расида буданд ба ҳисоб мерафт. Коммисияи мазкур тавонист то соли 2000 фаъолияти пурсамари хешро ба роҳ монда дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, устувор гардонидани ҳаёти иҷтимоии мардум ва умуман таъмини адолати иҷтимоӣ, ки асли фалсафаи сулҳро ташкил медиҳад ҳизмати арзанда анҷом диҳад.
Ҳамзамон, милитсияи тоҷик дар таъмини амнияти аъзои комиссияи зикршуда, пеш аз ҳама намояндагони фаъоли раванди мазкур аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, хосатан иштирокчиёни бевоситаи чонибҳои раванди амалигардонии талаботҳои Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварро бар ӯҳда доштанд.
Воқеан, аз лиҳози таҳлили вазияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ба даҳаи аввали Истиқлолияти кишвар бингарем, мебинем, ки тамоми кӯшишу талошҳои давлату Ҳукумат, хосатан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри берун кашидани ҷомеа аз вартаи ҳалокат ва расидан ба сулҳи деринтизор сарф гардида, танҳо баъд аз солҳои 2000 раванди бевоситаи созандагӣ дар кишвар оғоз гардидааст. Аммо барои милитсияи тоҷик бошад давраи мазкур низ даврони рӯ ба рӯ гардидан бо чандин ҳаводису рӯйдодҳои дохилӣ мебошад, ки мисоли равшани он ҳодисаҳои солҳои 2010 дар минтақаи Рашт, соли 2012 дар шаҳри Хоруғ ва дигар амалиётҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри осудагӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар кишвар буда метавонанд.
Имрӯз мақомоти корҳои дохилии кишвар дар раванди ислоҳоти хеш қарор дорад. Ҳадаф аз ислоҳот ин пеш аз ҳама он аст, ки милитсия ҳамчун ниҳоди муқтадири ҳифзи тартиботи ҳуқуқии кишвар, ҳарчӣ бештар ба ҳамгироию ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ шавад. Ҳамзамон, мақсад он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман ҳар фарди ватандӯсту ифтихорманди ин миллат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ такягоҳи боэътимоду ёрдамчии фаъоли милитсия бошанд. Чунки зуҳуроти муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумлаи гаравиши қишрҳои мухталифи ҷомеа, хосатан ҷавонони ноогоҳ ва маҳдуд ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ ки натанҳо Тоҷикистон балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст моро водор менамояд, ки ҳарчи бештар андеша намуда, арзишҳои Ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар ҳамраъйиву ҳамдастӣ бо неруҳои солими ҷомеа ватанамонро обод намоем.
Бояд иқрор шуд, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар дар 28 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ, новобаста аз мураккабиҳои фаъолияти касбӣ ба дастовардҳои муайян ноил гардида, имрӯз ба як мақомоти муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, қодир аст, ки аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман зиндагии осудаи мардум хатар эҷод мекунад, ҷилавгирӣ намояд.
Милитсияи тоҷик имрӯзҳо пайваста кӯшиш менамояд, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа, як қатор чорабиниҳоро аз қабили корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ташкили конференсия ва мизҳои мудаввари сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, барномаҳои махсуси телевизионӣ, вохӯриҳо ва суҳбатҳоро бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, хосатан ҷавонон оиди таъмини волоияти қонун, риояи қонуният, таблиғи ахлоқи ҳамида ва ҳамкориро бо аҳолӣ ба роҳ монда онро вусъат дода истодааст,, ки алббата дар ин ҷода ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», барномаи «ВКД хабар медиҳад», нашрияи «Набз» ва дигар чорабиниҳо нақши муҳим доранд.
Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки дар тамоми давраи музокирот, раванди сулҳ, таъмину таҳкими ризоияту Ваҳдати комили миллӣ дар кишвар саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хеле арзанда мебошад. Имрӯз мо кормандони милитсияи тоҷик ифтихор аз он дорем, ки зери сиёсати созанда ва мактаби сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами хеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти касбӣ намуда, баҳри суботи сиёсӣ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва зиндагии осудаи ҳар хонадони тоҷик ва тоҷикистонӣ кору фаъолият менамоем.
Муаллими калони кафедраи
фанҳои ҷамъиятии Академияи
Вазорати корҳои дохилии
Ҷумҳурии тоҷикистон,
подполковники милитсия
Самиъзода Б.С.