Ғолибияти курсанти Академияи ВКД дар озмуни ҷумҳуриявӣ
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Меҳри Ватан», байни донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар баргузор гардид.
Дар озмун аз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ курсанти курси 4 факултети №5, сержанти милитсия Ҳабибзода Ҳокимҷон иштирок намуда, бо мақолаи худ ғолиби озмун гардид.
Санаи 25-уми июни соли равон, дар рафти як чорабинии пуршукӯҳ аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи мазкур ӯ бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки курсант Ҳабибзода Ҳокимҷон чанд рӯз қабл аз ин низ дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз рӯи наминатсияи ровӣ баромад намуда, аз даври якум ба даври минбаъдаи озмун роҳхат ёфта буд.
Шӯрои ҷавонони Академия