Семинари байналмилалӣ оид ба проблемаҳои каҷрафтории ноболиғон ва ҷавонон
Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи Барномаи мақсаднокии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи ВКД Россия дар ш.Краснодар, 24 июни соли ҷорӣ мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзӯи «Каҷрафтории ноболиғон ва ҷавонон: проблемаҳо ва роҳҳои ҳалл намудани онҳо» (Девиантное поведение несовршеннолетних и молодежи: проблемы и пути их решения) дар режими мустақим (он-лайн) баргузор гардид.
Қайд намудан ба маврид аст, ки масъалаи мазкур дар Академияи ВКД тайи се сол мавриди омӯзиш қарор ёфта, мавзӯи илмӣ таҳти унвони «Омилҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии каҷрафтории ҷавонон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар профилактикаи ҳуқуқвайронкунӣ», ки аз бучаи давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, таҳқиқоти имлӣ гузаронида шуда истодааст.
Бо суханҳои ифтитоҳӣ аз тарафи Донишгоҳи ВКД Россия дар ш.Краснодар, муовини аввали сардор, доктори илмҳои техникӣ, профессор Булгаков Олег Митрофанович ва аз тарафи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Мансурзода А.М. баромад намуданд.
Аз номи Академияи ВКД дар кори (он-лайн) конференсия сардори факултети №6, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Самиев Н.М., дар мавзӯи “Проблемаҳои каҷрафторӣ ва хислатҳои психологии ноболиғон ва ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Проблемы девиантного поведения и психологические особенности несовершеннолетних и молодежи в Республике Таджикистан) ва ходими калони шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, полковники милитсия Асламов Б.С.,дар мавзӯи «Оид ба масъалаи каҷрафторӣ дар психология» (К вопросу об изучении девиантного поведения в психологии) баромад намуданд.
Дар кори конференсия инчунин дигар омӯзгорону мутахассисони Академияи ВКД ширкат варзиданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр