Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадрдонии ҳуқуқшиноси барҷаста дар Академияи ВКД

164

Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Тоҳиров Фозил Тоҳирович ба синни мубораки 80-солагӣ қадам гузошт. Вобаста ба ин санаи муборак дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи табрикотӣ баргузор гардид, ки дар он зиёиён, намояндагони Вазорату Кумитаҳо, олимону муҳаққиқон ширкат варзида, устоди гиромиро бо ин рӯзи фараҳбахш самимона табрик ва таҳният намуданд.
Тоҳиров Ф.Т., дар тӯли фаъолияти илмӣ ва роҳбарии худ дар пешрафти илму маорифи Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, дар тайёр намудани мутахасисони варзидаи илми ҳуқук мактаби илмии худро бунёд намудааст, ки то имрӯз фаъолияти босамар дорад. Мавсуф дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ: ректори ДМТ, директори Иститути фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикстон кору фаъолият карда, бо ҷоизаҳои баланди давлатӣ қадрдонӣ гардидааст. Айни ҳол ȳ ба ҳайси мушовири Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият дорад.
Аз ҷониби сардори Академияи ВКД н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ академик Тоҳиров Фозил Тоҳирович бо медали ҷашнии “25-солагии Академияи ВКД” қадрдонӣ гардида, ҳамчунин аз ҷониби намояндагони Академия, сардори шуъбаи ШТИ ва ТН н.и.ҳ. дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А. М. ва сардори шуъбаи кадрҳо полковники милитсия Абдуллозода А. матни табрикоти роҳбарияти Академияи ВКД супорида шуд.

165166

Тоҳиров Фозил Тоҳирович аз қадрдонии роҳбарияти Академияи ВКД изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки робитаҳои байни Академия ВКД ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда боз ҳам қавитар хоҳанд гашт.
Асламов Б., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...