Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Академияи ВКД

161

22–юми марти соли 2019, дар Академияи ВКД, бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, бахшида ба таҷлили 22-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Садоқат ба Президент - садоқат ба Ватан», баргузор гардид. 

162

Конференсияи илмӣ-назариявиро бо сухани муқаддимавӣ роҳбарияти Академияи ВКД ифтитоҳ намуда, бо ин ҷашни тақдирсози миллӣ ҳозиринро табрик намуданд. Дар кори конференсияи ҷумҳуриявӣ олимону донишмандон, коршиносони соҳа, шоирон, магистрҳо ва курсантон фаъолона ширкат намуда, дар мавзӯъҳои мухталифи илмӣ маърӯзаҳо намуданд. Аз ҷумла, суханронии Абдуқодири Абдуқаҳҳор – директори китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ., аълочии кумитаи телевизион ва радио., Раҳмонзода А. Ш.- н.и.т., муовини директории Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, дар мавзӯи «Пешвои миллат ва Ваҳдати миллӣ»., Адолатов И. –аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Нақши фарҳанг дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»., Мирзо Саъдӣ-узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар мавзӯи «Тараннуми Ваҳдат»., Азизаи Давлатшоҳ- шоира, н.и.п., полковники милитсия, дар мавзӯи «Ваҳдату сулҳу салоҳи Тоҷикистони файзбахш», Адолати Маҳмадалӣ-магистранти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ваҳдат-таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ», Бойзода Ҷ.Ҷ. – сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия дар мавзӯи «Милитсияи тоҷик муҳофиз ва таҳкимбахши ваҳдат», Муҳаммад С. А.-дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.с., майори милитсия дар мавзӯи «Арзишҳои ваҳдати миллӣ», Самиъзода Б.С. –муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, подполковники милитсия дар мавзӯи «Таҳкими ваҳдати миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ», Лолахонов Ш.Н.- курсанти курси 1-уми муассисаи давлатии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ - роҳ ба сӯи созандагӣ» ва Ҷононаи Зикрулло курсанти курси 1-уми Академияи ВКД, узви ҷамъияти илмии «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ», дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Сухани хотимавиро бошад, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З. А. иброз намуда, аз ҷумла зикр кард, ки баҳри расидан ба ин неъмати бузурги таърихӣ, яъне Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа, нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хело бузург мебошад. Инчунин зикр гардид, ки кормандони мақомот барои ягонагии миллат ва таъмини сулҳу субот дар ҷомеа софдилона вазифаҳои касбии худро иҷро намуда, ҳамеша посдори тартиботу амнияти ҷомеа ва амалисозандаи сиёсати одилонаву мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

163

Вобаста ба амалишавии қарор ва натиҷаҳои кори конференсияи мазкур зикр карда шуд, ки маърӯза ва пешниҳодоти ироагардидаро зарур аст, ки тавассути маҷаллаи илмии Осори Академия, ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», нашрияи «Набзи милитсия» ва умуман раванди таълим дарҷ карда шавад.
подполковники милитсия, Самиъзода Б.С.,

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...