Гузоштани санги нишонии Академияи ВКД
Санаи 30 августи соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати хеле кутоҳ бо тарҳи замонавӣ бинои нави таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки дар маросими кушодашавии он Пешвои муаззами миллат иброз намуданд: «Академияи ВКД ба сифати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳукуқ саҳми назарас дошта, кормандону хатмкардагони он дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими сулҳу суботӣ кишварамон фидокорона заҳмат кашида, ба Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда истодаанд».
Баҳри арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, алалхусус омȳзгорону курсантони Академия роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академия дар шоҳроҳи даромадгоҳи кӯчаи Мастонгулови 3 аз сангҳои мармари ватанӣ нишонии Академияи Вазорати корҳои дохилиро бо дизайни замонавӣ насб намуданд, ки намуди зоҳирии кӯчаи мазкурро ҳусни дигар бахшид.