Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории ҷаласаи илмии буҷавӣ дар Академияи ВКД

150

Рӯзи 19-уми июни соли 2019 дар шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД таҳти раисии сардори шуъбаи мазкур, н.и.ҳ., дотсент, Мансурзода А.М. ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи корҳои илмӣ-тадқиқотии аз буҷаи давлатӣ маблағгузоришаванда бо ҳамоҳангӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Коркарди усулҳои илмӣ-методӣ ҷиҳати омӯхтани омилҳои ҷамъиятӣ-маданӣ ва ҳуқуқии ба вуҷудоии рафтори ғайриқонунӣ дар ҷомеаи тоҷикон дар шароити гузариш ба муносибатҳои нави ҷамъиятӣ» («Разработка теоретико-методологических подходов к изучению социально - культурных и правовых причин возникновения девиантного поведения в таджикском обществе в условиях перехода к новым общественным отношениям»), баргузор гардид. 

Кори ҷаласаро Мансурзода А.М.кушода иброз намуд, ки бо кушодашавии бинои нави таълимии Академияи ВКД бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо аз 30-юми августи соли 2017 корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ривоҷу равнақи тоза гирифтанд. Олимону омӯзгорони Академияи ВКД таҳти роҳбарии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр дар ин ҷодаи муҳим дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузошта, чандин мақолаҳо, барномаҳо, дастурҳои таълимӣ, конфронсу семинарҳо омода намуда, «масоили каҷрафториро дар байни ноболиғону ҷавонон» тадқиқ намуда истода, ба Вазорати корҳои дохилӣ тавсияҳои илмии асоснок пешниҳод намуданд, ки дар корҳои профилактикӣ самаранок мавриди истифода қарор гирифтанд.
Барои пешрафти минбаъдаи ин самт аз ҷониби ходими калони илмии гурӯҳи корӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, полковники мустаъфӣ Ҷураев Р.З. ба аъзоёни гурӯҳи корӣ тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Кори ҷаласаро сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, н.и.ҳ., досент, Мансурзода А.М. ҷамъбаст намуда, дар назди ҳар як аъзои гурӯҳи корӣ вазифаҳои муайянро гузошта, ба онҳо бурдбориҳо таманно намуд.
Асламов Б.С., Хабирова Т., Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...