Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваҳдат пояи устувори миллат

152

Мувофиқи нақша чорабинии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултети №4 санаи 19 июни соли ҷорӣ конфронси илмӣ – назариявӣ бахшида ба 22-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Ваҳдат пояи устуории миллат» баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори факултет оид ба қисми таълим, н.и.ҳ., полковники милитсия Ғафуров М.С. баромад намуда қайд кард, ки давраи Музокироти сулҳи тоҷикон (1994-1997)-ро баъзеҳо, ҳатто СММ, ҳамчун давоми давраи ҷанг дар Тоҷикистон меҳисобанд ва далелашон он аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар таърихи 27-уми июни соли 1997 ба имзо расидааст ва ҳар он чӣ то он аст, ҷанг буд. Бо имзои ин Созишнома дар Тоҷикистон давраи гузариш оғоз меёбад ва ин гузариш аз замони ҷанг ба сулҳ аст.
Аммо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳолати низомии кишвар камтар тағйирот ба амал овард. Задухӯрдҳои мусаллаҳона, террори шахсиятҳо, паҳн кардани овозаю воҳимаҳо дар давраи баъди соли 1997 ҳам ба ҳамон ҳалле, ки буданд, балки дар баъзе ҷою ҳолатҳо аз он ҳам зиёдтар, вуҷуд доштанд. Ин Созишнома аслан сулҳи байни ҳизбҳо ва нерӯҳои ҷангкунанда, василаи расмӣ, яъне легализатсия кардан ва ба Ватан барои музокираи сулҳ баргардонидани онҳо буд. Ба ибораи дигар, то пароканда шудани Комиссияи оштии миллӣ низ дар Тоҷикистон дар масъалаи ҷангу сулҳ аслан меъёрҳои Протоколи Теҳрон дар мавриди оташбаси муваққатӣ амал мекарданд.

153

Сипас, муаллимаи кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, капитани милитсия Алимова Ҳ.А. дар мавзӯи «Музокироти сулҳи тоҷикон» баромад намуд. Зимнан, қайд гардид, ки музокироти сулҳи тоҷикон моҳиятан дорои ду масъалаи асосӣ будааст: Музокироти сулҳ, ки аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 давом кард ва Комиссияи оштии миллӣ, ки аз 7 июли соли 1997 то 31 марти соли 2000 фаъолият намуд.
Аҳмадзода М. муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, подполковники милитсия дар мавзӯи «Ваҳдат равшангари дилҳост» ва Баҳодурзода М. муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, капитани милитсия дар мавзӯи «Ваҳдат сарчашмаи саодат» маърӯза карда, Ваҳдати миллиро сарчашмаи ягонагии тоҷикистониён ва сарҷамъии мардум маънидод карданд. Ҳамчунин маърӯзачиён доир ба омилҳои таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ сухан карда, нақши ҳаракати Вахдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро пас аз сулҳи тоҷикон дар ҳаёти мардуми тоҷик муассир маънидод намуданд. Дар баробари ин нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ то замони имрӯз мавриди таҳлил қарор дода шуд. Ин буд, ки сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон пеш аз ҳама ба принсипи таҳаммулпазирӣ, ташкили муносибати дӯстона, сафарбарсозии тамоми ниҳодҳои ҷомеа баҳри ягонагии кишвар равона карда шудааст.
Дар охири конфронс ба ҳозирин филми «Ваҳдат - сарчашмаи саодат» намоиш дода шуд. Чорабинӣ хеле хотирмон ба анҷом расид.
Алимова Ҳ.А., капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...