Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъсиси маҳфили илмии «Истеъдод ва маҳорати роҳбарӣ» дар факултети № 1 Академияи ВКД

150

Дар раванди таълиму тарбияи шунавандагон бояд мавқеи мафҳилҳои илмӣ хеле ҳам устувор бошад. Бинобар ин аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД ба ин ҷараёни фаъолият пайваста диққат дода шуда ва зиёда аз он ҷиҳати пешравии донишҳои илмии шунавандагон чораҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд. Вобаста ба муҳиммияти масъалаи мазкур дар назди кафедраи Назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултеи №1-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмии шунавандагон бо номи «Истеъдод ва маҳорати роҳбарӣ» таъсис дода шуд. Масъалаи мазкур барои муҳокима дар ҷаласаи кафедра баррасӣ шуд ва дар ҷараёни муҳокима ба ҳайси роҳбарии маҳфили мазкур номзадии дотсенти кафедра н.и.ҳ., капитани милитсия Мирзорустамов М.М., пешниҳод ва тасдиқ гардид.
Сипас, тибқи тартиботи муқарраргардида бо шунавандагони шакли таҳсили рӯзонаи курси якуми факултети №1, ҷаласаи умумӣ бо иштироки сардори кафедра н.и.т., генерал-майори милитсия Имомёрбеков А., ходими калони шуъбаи илмӣ ва табъу нашри Академияи мазкур полковники милитсия Асламов Б., баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ҳайати аъзоёни маҳфили «Истеъдод ва маҳорати роҳбарӣ» пешбарӣ ва интихоб гардиданд, аз он ҷумла шунавандагони факултет: подполковники милитсия Набизода С., подполковники милитсия Мирзода Х., подполковники милитсия Каримиён Б., майори милитсия Насриддинзода Ф., майори милитсия Бахтиёрзода З., подполковники милитсия Нурализода Ф. Дар ҷараёни ҷаласа ба як овоз ба ҳайси раиси маҳфил номзадии шунаванда, майори милитсия Бахтиёрзода З. пешниҳод ва интихоб гардид.
Дар ҷаласа сардори кафедра Имомёрбеков А. ва ходими калони шуъбаи илм ва табъу нашр Асламов Б.С. баромад карда, ҳозиринро бо ҳадаф ва мақсади асосии маҳфили таъсисёфта шинос намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки бояд маҳфили «Истеъдод ва маҳорати роҳбарӣ» фаъолияти хешро самаранок ба роҳ монда, ба натиҷаҳои хуби илмӣ муваффақ гарданд ва барои дигар маҳфилҳои илмӣ чун намунаи ибрат муаррифӣ шавад. Барои он маҳфили мазкур аз ҳисоби шунавандагон таъсис ёфт, ки онҳо дорои таҷрибаи бойи корӣ ҳастанд ва имконият доранд, ки донишҳои назариявиро бо амалия пайваст намоянд.
Дар ин баробар ин аъзоёни маҳфил бо мундариҷаи «Низомномаи маҳфили курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» шинос гардиданд, ки фаъолияти асосии маҳфил дар доираи талаботи ин санади меъёрӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ҷаласа шунавандагон Набизода С. ва Бахтиёрзода З., баромад карда фикру андешаҳо баён намуда, ҳамзамон таклифҳои судмандро баррасӣ намуданд.
Сардори кафедра, н.и.т., генерал-майори милитсия Имомёрбеков А. ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба аъзоёни маҳфили «Истеъдод ва маҳорати роҳбарӣ» барои фаъолияти самараноки илмии онҳо муваффақиятҳо ва бурдбориҳо таманно намуд.
Асламов Б.С., Мирзорустамов М.М.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...