Баргузор гардидани дарси сеюми назариявӣ дар шакли он-лайн
Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Костонай ба номи Ш.Қобилбоев ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 12-уми июни соли 2019 дарси назариявӣ (лексия) навбатӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон: мафҳум, пайдоиш ва сарчашмаҳои он. Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои курсантон -тоҷикзабони Академияи ВКД Костонай баргузор гардид.
Лектор - сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, дотсенти кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Мансурзода Амиршо Мансур буд.
Миқдори дарси назариявӣ аз 1 соат иборат буда, дар он саволҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1. Пайдоиши ҳуқуқи инсон.
2. Мафҳум ва таркиби ҳуқуқи инсон.
3. Сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон.
4. Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд зикр намуд, ки чунин таҷриба дар оянда ҳам идома ёфта, аз соли таҳсили хониши 2019-2020 аз фанҳои «Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» ва «Фаъолияти маъмурӣ» дарсҳои назариявӣ ба нақшаи дуҷониба гирифта шудаанд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр