Ба имзорасии Ёддошти тафоҳум
Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти таъмини волоияти қонун, ислоҳоти ҳуқуқӣ, донишу маҳорати касбӣ ва такмили ихтисоси кормандон лоиҳаи «Ёддошти тафоҳум» байни Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (11.06.2019) ба имзо расид. Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ, баланд бардоштани донишу малака ва маҳорати касбии кормандон аз рӯйи шартҳое,ки барои ҳар ду тараф манфиатнок мебошанд, ба мувофиқа расиданд. Яъне минбаъд Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳои мунтазам дар самти таъмини волоияти қонун, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва такмили ихтисоси кормандон шароити мусоид фароҳам оварда, дар ташкил намудан, роҳбарӣ кардан ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмӣ-амалӣ мусоидат менамоянд.
Дар ин маврид зикр намудани мақсадҳои асосии Ёддошти тафоҳум мувофиқи матлаб аст, ки он аз мусоидат дар инкишофи касбии аъзоёни Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандону курсантон ва шунавандагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ташкил намудани чорабиниҳои муштарак, семинарҳо, тренингҳо, мизҳои мудаввар ва конференсияҳо иборат аст. Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи апрели соли 2018 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Тафтишоти пешакӣ ва дурнамои инкишофи он» баргузор намуд, ки дар кори он адвокатҳо бо баромадҳои мушаххас иштирок намуданд, ки ин аз ҳамкориҳои созандаю судманди ин ду ниҳод гувоҳи медиҳад.
Мутобиқи Нақша-чорабиниҳои Академияи ВКД 28-уми майи соли 2019 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Азназаргузаронии ҷои ҳодиса» баргузор гардид, ки дар он адвокатҳо низ иштирокчиёни фаъоли ин чорабинии сатҳи баланд буданд.
Азиза Давлатшоева
полковники милитсия
Гул Маҳбуба
подполковники милитсия