Дастовардҳои варзишии курсанти Академияи ВКД
Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баҳри обутоби маънавии ҷисмонии курсантон, роҳбарияти Академияи ВКД ба масоили варзишии курсантон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки курсантони Академияи ВКД мудом дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баромад намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Яке аз ин курсантони варзишгар Шавкатзода Хуршед Шавкат буда, таҳти роҳбарии устоди варзиш Ишонхонов Ғайбулохон ба гуштини юнону руми дар вазни 100 кг шуғл варзида дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ моҳи июни соли ҷорӣ ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби медали тилло гардид.
Ин бори аввал нест, ки курсант Шавкатзода Хуршед ҷои намоёнро ишғол накарда бошад. Ӯ соли 2016 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷои сеюм, соли 2017 дар Қирғизистон ҷои дуюм ва дар Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол намуда, Парчами давлатии Тоҷикистонро боло намудааст.
Роҳбарияти Академияи ВКД курсант Шавкатзода Хуршедро бо ин дастоварди варзишӣ самимона табрик гуфта, ба ȳ бурдбориҳои нав ба навро таманно намуданд.
Асламов Б., Сафарова С., Убадуллоев Ш.