Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатми курси тайёрии махсус

136Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи таълимӣ курсҳои тайёрии махсуси кӯтоҳмуддат ташкил карда шуданд, ки дар он кормандони шаҳру ноҳияҳои ШВКД-ҳо ва РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳсил намуда, аз масъалаҳои хуҷҷатнигорӣ дар МКД, навовариҳо ва талаботҳо дар масъалаи забони тоҷикӣ, омӯзиши забони русӣ, навовариҳо ва барномаҳои муосир дар ҷодаи информатика аз наздик шинос шуданд.
Дар муддати ду ҳафтаи таҳсил шунавандагони курси тайёрии махсус на танҳо бо машғулиятҳои таълимӣ фарогир шудаанд, балки бо мақсади баланд бардоштани тарбияи фарҳангии онҳо аз тарафи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос шиносоӣ бо осорхонаи вилояти Суғд ташкил карда шуд. Имрӯз бошад, 21 нафар кормандони шаҳру ноҳияҳои РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вилоияти Суғд, бо муваффақият курси махсусро ба итмом расониданд.
Ҳайати омӯзгорони кафедра тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ барои дар амал ҷорӣ намудани супоришоти ВКД дар ҷодаи курсҳои тайёрии ибтидоӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон машғулияту чорабиниҳои гуногунро ташкил намоянд.
Баҳодурзода М., муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...