Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳавасмандгардонии ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ

130

Варзиш - гарави саломатӣ ва саломатии миллат, шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Машғул шудан ба варзиш инсонро ҳамеша солиму бардам ва руҳан қавӣ мегардонад. Бинобар ин тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академия Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети №4, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, пайваста чорабиниҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Бо ташаббуси кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати иҷрои нақшаи илмӣ - тадқиқотии кафедра доир ба фасли 4, яъне гузаронидани чорабиниҳо бо ҷамъиятҳои илмии курсантон дар маҳфил ва фаъолияти сексияҳои варзишӣ, дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, мусобиқаҳои варзишӣ (спартакиада) аз рӯйи намудҳои «Футболи хурд», «Волейбол», «Варзиши сабук», «Вазнбардорӣ» ва «Шашкаву шоҳмот» аз санаи 8-ум то 26-уми апрели соли 2019 ташкил ва гузаронида шуд.

131

Ҷадвали баргузории мусобиқаҳо аз тарафи роҳбарияти факултети № 4 тасдиқ карда шуда, вақт ва мӯҳлати гузаронидани ин чорабинии варзишӣ аз тарафи мутасаддиён ва доварон риоя карда мешуданд. Дар мусобиқаҳои варзишии мазкур аз ҳар курс ва ҷузъу томҳои факултет 30 нафарӣ варзишгарон дар 6 намуди варзиш дархостҳо пешниҳод намуданд, ки дар маҷмӯъ 180 нафарро ташкил медиҳад.

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «Футболи хурд» 6 (шаш) даста, яъне дастаи кормандони факултет, дастаи курсҳои тайёрии ибтидоӣ, дастаи курсантони курси 1-ум, дастаи курсантони курси 2-юм, дастаи курсантони курси 3-юм ва дастаи курсантони курси 4-ум фаъолона иштирок намуда, тибқи ҷадвали баргузориҳои бозиҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Рафти бозиҳо бо иштирок ва назорати роҳбарияти факултет ва кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ баргузор гардид.
Ниҳоят, баъди бозиҳои тӯлонӣ ва вохӯриҳо мусобиқа дар намуди «Футболи хурд» бо чунин натиҷаҳо анҷом ёфт: Ҷойи аввал насиби бозингарони дастаи курси 4-ум, ҷойи дуюм насиби бозингарони дастаи кормандони факултет ва ҷойи сеюм насиби бозингарони дастаи курсантони курси 3-юм гардид.

132

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «Волейбол» низ аз ҳамин ҷузъу томҳои факултет дастаҳо иштирок карда, байни ҳуд қувваозмоӣ намуданд, ки ҷойи аввал насиби бозингарони дастаи курсантони курси дуюм ,ҷойи дуюм насиби бозингарони дастаи курсантони курси якум ва ҷойи сеюм насиби бозингарони дастаи кормандони факултет гардид.

133

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба Варзиши сабук аз ҳисоби кормандон, шунавандагон ва курсантон дар ду намуди мусобиқа, яъне турниккашӣ ва давидан ба масофаи 100 м, 60 нафар варзишгарон иштирок намуданд, ки шахсони зерин ғолибони мусобиқа гардиданд:
Дар мусобиқаи турниккашӣ ҷойи якум насиби курсанти курси 2-юм, милитсияи қаторӣ Ҳамдамов Рафқатҷон, ҷойи дуюм насиби курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ Ёқуби Акмал ва ҷойи сеюм насиби муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, лейтенанти милитсия Абдуллозода Далер гардид.

Дар мусобиқаи давидан ба масофи 100 м бошад ҷойи якум насиби курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ Раҳимов Амирҷон, ҷойи дуюм насиби курсанти курси 2-юм, милитсияи қаторӣ Мелибоев Ҷамшед ва ҷойи сеюм насиби курсанти курси 2-юм, милитсияи қаторӣ Сафаров Парвиз гардид.

Дар мусобиқаи вазнбардорӣ низ аз ҳар як ҷузъу том ва курсҳои воҳидҳои таълимӣ дастаҳо дар теъдоди 5 нафарӣ иштирок ва байни худ қувваозмоӣ намуданд. Дар ин намуди варзиш ҷойи аввал насиби курсанти курси 3-юм, милитсияи қаторӣ Қаландарзода Идибой ҷойи дуюм насиби курсанти курси 4-ум, сержанти хурди милитсия Сафолов Амирҷон ва ҷойи сеюм насиби курсанти курси 2-юм, милитсияи қаторӣ Қурбонов Лоиқ гардид.
Дар мусобиқаи тенниси рӯйи мизӣ, ки дар байни занҳо ва курсант духтарони факултет гузаронида шуд, чунин натиҷа дод.Ҷойи аввал насиби нозири калони таъминоти озукавории шуъбачаи хочагидории факултети № 4, капитани милитсия Ҷӯразода И.Ӯ., ҷойи дуюм насиби муаллимаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятии факултети № 4, капитани милитсия Абдулбоқиева Н.М. ва ҷойи сеюм насиби сардори қисми таълими факултет, подполковники милитсия Ҷабборова М.Т. гардид.

135134

Мусобиқаҳои варзишӣ доир ба «Шашка» ва «Шоҳмот» дар байни курсантон ва кормандон дар алоҳидагӣ гузаронида шуд, ки чунин натиҷа дод: Дар мусобиқаи мазкур шахсони зерин ба чунин дастовардҳо ноил гаштанд: дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «Шоҳмот» дар байни кормандон 14 нафар байни худ қувваозмоӣ намуда, ниҳоят ғолибон муайян карда шуданд.Яъне: ҷойи аввал насиби подполковники милитсия Ҳоҷазода Обид, дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ гардид.Ҷойи дуюм насиби майори милитсия Қудратов Муминбой, дотсенти кафедраи такмили ихтисос ва тайёрии ибтидоӣ гардид.Ҷойи сеюм бошад насиби подполковники милитсия Мақсадзода Обиддини Ибод, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ гардид. Дар ҳамин намуди мусобиқа байни курсантон ҷойи аввал насиби курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ Олимов Оқил, ҷойи дуюм, насиби Валиев Фаррух - курсанти курси 3-юм ва ҷойи сеюм насиби милитсияи қаторӣ Неъматов Довуд - курсанти курси 3-юм, гардид.

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «Шашка» дар байни кормандон ҷойи аввал насиби муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, лейтенанти калони милитсия Ибодзода Муҳаммад Абдулло, ҷойи дуюм, насиби муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, капитани милитсия Абдураҳмонов Насимҷон Аҳьёевич ва ҷойи сеюм насиби подполковники милитсия Муқимзода Мухбира, муаллимаи калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, гардид. Дар ҳамин намуди мусобиқа байни курсантон ҷойи аввал насиби сержанти хурди милитсия Маллаев Абубакр - курсанти курси 3-юм, ҷойи дуюм, насиби милитсияи қаторӣ Парвизи Сайвалӣ - курсанти курси 1-ум ва ҷойи сеюм насиби милитсияи қаторӣ Савриев Меҳрубон – курсанти курси 1-ум, гардид.

136

Санаи 6-уми июни соли 2019 дар майдончаи сафороии факултети № 4 ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуд. Дар ҷамъбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони мусобиқаи мазкур, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Фахриддинзода Фирдавс иштирок намуда, иброз кард, ки бо талошҳои пайваста ва дастгириҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми инфрасохторҳои зарурӣ, аз ҷумла барои варзишгарон ва мураббиёни соҳаи варзиши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон номбурда қайд намуд, ки дар мусобиқаҳои варзишии байни муассисаҳои олии вилояти Суғд курсантони Академия гарчанде теъдоди кам бошанд ҳам ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Бинобар ин кормандон ва курсантонро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда бештар ба варзиш шуғл варзида дар ин ҷода ба комёбиҳо ноил гарданд. Ҳамзамон номбурда қайд намуд, ки аз тарафи раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд барои бештар гузаронидани чунин мусобиқаҳо дастгирии ҳаматарафа карда мешавад.
Сипас ба 78 нафар ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, дар фазои тантанавӣ медалу дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети № 4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...