Вохурии муфид дар Академияи ВКД
Санаи 03.06.2019 сол дар толори мачлисгоҳи Академияи ВКД бо иштироки роҳбарият,омӯзгорону курсантон ва кормандон вохурии намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Вохуриро муовини аввали сардори Академия генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким кушода меҳмононро хайрамақдам гуфта,иброз намуд,ки бо туфайли сиёсати фарҳангсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон забони точикӣ ҳамчун забон давлатӣ рушд менамояд,ки дар он сахми кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон хеле бузург мебошад.Сипас кормандони Кумитаи мазкур номзади илмҳои филологӣ Давлатшоева М.ва Фарҳодова С.ба сухан баромада риояи меъёрҳои Қонуни забонро тахлил намуда,барои густариши меъёрҳои забони тоҷикӣ тавсияҳои муфид доданд.Бо кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот саволу ҷавоб баргузор гадид.
Ҳамчунин дар доираи ичрои Стратегияи миллии муковимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,хавфҳои ҳолати чиноятҳои коррупсионӣ намояндаи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Турсунзода Ш.бо маърӯзаи муфассал баромад намуда, барои такмил ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ба Президенити Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ намуда,тавсияҳои муфиди профилактикӣ пешниҳод намуд.Вохурии мазкур низ бо саволу чавоб ва гуфтугӯи озод анҷом ёфт.
Асламов Б.С.,Сафарова С.,Убайдуллоев Ш.