Равандҳои геополитикии Тоҷикистони муосир ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ
9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи вуҷуд намуд. Пайдоиши давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ барои миллати тоҷик, ки таҷрибаи бои таърихии давлатдориро соҳиб аст ба эҳёи сунатҳои миллии давлатдорӣ такони бузург бахшид. Аммо воқеаҳои маълуми Тоҷикистон солҳои 1992-1997 ба ин раванд халали ҷиддӣ ворид намуд. Маҳз бо талошҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон ба ваҳдати миллӣ ва сулҳи саросарӣ расидаанд.
Дар раванди муносибатҳои геополитики ҷаҳон Тоҷикистон мавқеи ба худ муносибро ишғол намуда, бахусус дар ИДМ яке аз ҷойҳои ба худ хосро дар ҳалли масоили геополитикӣ ишғол намудаст. Бонуфузтарин аъзои ИДМ Россия Тоҷикистонро ҳамчун шарики стратегӣ интихоб намуда, баҳри пойдории минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва умуман амнияти ҷаҳонӣ тадбир ва чораҳои мушаххасро дар доираи созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ меандешад. Тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар масоили амниятӣ ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин пешниҳод мегарданд доимо ҳамаҷониба дастгирии хешро меёбанд. Маҳз фикру пешниҳодхои Эмомалӣ Раҳмон дар наздик намудани ҷумҳурии Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Чин,Афғонистон, Покистон, тадбирҳои густариши дуҷониба ва якчандҷонибаи Тоҷикистон аз ҷониби Россия дастгирӣ меёбанд. Муҳимтарин равандҳои геополитикии Тоҷикистони муосир инҳо мебошанд:
1.Таъмини амнияти минтақавӣ,мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гирдиши ғайриқонуниии маводи мухаддир.
2.Эълони сиёсати «Дарҳои кушод» дар равобити муносибатҳои иқтисодии беруна.
3.Сиёсати бисёрвектораи геополитикии гуногун бо ИМА, Чин, Россия, Япония, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои арабӣ.
4.Ба вуҷуд овардани фазои дӯстона ба тамоми кишварҳои дунё, новобаста аз сохтори сиёсии онҳо.
5.Ҳамраъӣ дар барномаҳои зиддиядроии ҷаҳонӣ,хатарҳои экологӣ.
6.Бунёди системаи гидроэнергетикӣ бо назардошти манфиатҳои кишварҳои минтақа.
7. Дастгирии инвеститсияи хориҷӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ.
8.Нигоҳ доштани равобити зичи иқтисодӣ бо як қатор кишварҳое, ки ба манфиатҳои Тоҷикистон созгор мебошанд.
9.Фаъолияти Тоҷикистон дар доираи СММ,САҲА,СААД,СҲШ, барои нигоҳдории амният барои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон, аз бумбасти коммуникатсионии мавҷуда баромадан дар самти ҷануб.
Таҳлилгарони масоили геополитикӣ ба хулосае омаданд, ки сарзамини кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар маркази диққати давлатҳои гуногун қарор гирифтааст. Маълум аст, ки Узбекистон аз ҳайати СААД баромада, Туркманистон бошад мавқеи нейтралиро ишғол намудааст. Бо ҳолати маҷуда сарҳадии ин давлатҳо бо Афғонистон осебпазир боқӣ хоҳад монд. Бинобар ин дар шароити мураккабшавии вазъи геополитикӣ ба Россия лозим меояд, ки тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба рушди иҷтисодии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Муносибати Россия бо ақидаи таҳлилгарон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле мураккаб ва пурпечу тоб мебошад. Россия кӯшиш дорад, ки давлатҳои ИДМ-ро ба интегратсияи Авруосиёӣ ҳамроҳ намояд. Аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як давлати соҳибихтиёр дар шароити мураккаб бо роҳҳои дипломатӣ таносуби қувваҳои геополитикиро дар минтақа ба танзим медарорад. Чин ҳамчун як шарики боэътимоди иқтисодии Тоҷикистон барои инфрасохтори он кӯшишҳои хеле зиёд менамояд. Дар ҳамин асос раванди геополитикии Тоҷикистон бисёрҷониба буда,ба манофеи миллии Тоҷикистон ва кулли кишварҳои мададрасон равона гаштааст.
Дар худи ИМА ҳоло ҳам аниқ карда нашудааст, ки Стратегияи глобалии Афғонистон барои оянда аз чӣ иборат аст. Яъне ба ғайр аз муборизаи зидди терроризм боз кадом консепсияи нави сиёсӣ ва ҳарбӣ пешниҳод мегардад. Ҳеҷ кас бовар намекунад, ки ҷанг дар Афғонистон бомуваффақият ба анҷом мерасад. Ин ҳолат баръакс вазъро мураккабтар мегардонад. Албатта дар ҳалли қазияи Афғонистон Тоҷикистон низ чун кишвари ҳаммарз бетараф нест. Равандҳои геополитики Осиёи Марказӣ дар даҳсолаҳои наздик низ зери таваҷҷуҳи махсус манфиатҳои миллии албатта ИМА қарор хоҳанд гирифт, ки Стратегияи классикии ИМА нисбати давлатҳои соҳибихтиёр аз ҷумла инъикосгари он мебошад.
Ба ҳамаи ин бархурдҳои геополитикӣ нигоҳ накарда, геостратеги асосии минтақа ва бахусус нисбати Тоҷикистон Ҷумҳурии халқии Чин боқӣ мемонад. Чин нисбати Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама зиёд таваҷҷуҳи хос дорад. Ҳадафҳои геоиқтисодии Чин аз инҳо иборат мебошад:
1. Бунёди роҳи оҳан, ки Чинро бо Аврупо мепайвандад.
2. Бунёди системаи телекоммуникатсионӣ аз Шанхай то Франкфурт тавассути Осиёи Марказӣ.
3. Ҳадафҳои марзии Чин бо Осиёи Марказӣ, ки бо роҳи дипломатӣ ҳал гардиданд.
4. Ҳамкориҳои интегратсионии марзии Чин бо Тоҷикистон дар қисмати Бадахшон (гардиши мол дар 1-сол 1 млрд. доллар)
5. Ба роҳ мондани тарҳҳои энергетикӣ бо Тоҷикистон, сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Зарафшон.
6. Пайвасти хати барқ ба воситаи ҳудуди Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Эрон.
7. Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва телекомуникасионӣ, таъмин бо техникаи ҳарбӣ.
8. Ба роҳи бузурги Абрешим ҳамроҳ намудани Тоҷикистон.
9. Истифодаи қувваи кории худ дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон.
10. Бунёди шабакаҳои нақлиётӣ ва ашёи хом аз Осиёи Миёна ба Ҷумҳурии Хақии Чин.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳое мебошад,ки дар роҳи транзитӣ қарор дошта,барои равобити иктисодӣ дар асоси сиёсати «дарҳои кушод» бо кишварҳои гуногун манфиатдор мебошад.
Асламов Б.С., ходими калони илмии Академияи ВКД,
Муҳаммад С.А., н.и.с., дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД.