ДОНИШ – ЧАРОҒИ АҚЛ ВА ҚУДРАТУ ТАВОНИ МИЛЛАТ
(Дар партави мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат бо аҳли маориф ба муносибати Рӯзи дониш. 31.08.2026, шаҳри Душанбе)
Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ба давроне рост омадааст, ки мардуми кишвар 35-умин солгарди Истиқлоли хешро бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол менамоянд.
Ин ҷашни сарнавиштсоз дар шароите таҷлил мегардад, ки инсоният барои расидан ба ҳаёти осуда, таъмини сулҳу субот ва адолату инсоф талош меварзад.
Барои мо тоҷикистониён мояи ифтихор аст, ки ки Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо нутқи ҳикматбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад.
Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии истиқлоли миллӣ ба рушди соҳаи илму маориф ва неруи ақлонии мамлакат аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.
Пешвои муаззами миллат аҳли илму маорифро хазинаи тиллоии мамлакат номида, дар ҳама кору пайкор, ҳолатҳои тақдирсозу душвор ва ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ аз фикру ақоид, хулосаҳои илмӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳодоти онҳо самаранок истифода менамоянд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар кишвари мо Рӯзи дониш баробари дарси сулҳ арзиши баланд дошта, шогирдони муассисаҳои таълимӣ ва волидайну омӯзгорони онҳо ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол менамоянд.
Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷӯзъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд. Чунки сарчашмаи пайдоиши ҳама зуҳуроти номатлуби ҷомеа, алалхусус терроризм ва ифротгароӣ пеш аз ҳама сатҳи пасти донишу маърифат, ҷаҳонбинии маҳдуд, инчунин, аз назорат дур мондан мебошад.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, ки санаи 31 –уми августи соли ҷорӣ сурат гирифт, фарогири таҳлилу баррасӣ ва масъалаву мушкилоти ҳалталаби соҳаи маорифи кишвар мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби муҳимтарин арзиши миллӣ – илму дониш буданро сарвати инсонӣ арзёбӣ намуданд.
Дар ин замина зикр карда шуд, ки: “… соҳиби илму дониш будан, махсусан, дар замони мо, ки марҳалаи рушду такомули бесобиқаи техникаву технологияҳо ва густариши зеҳни сунъӣ маҳсуб меёбад, аҳаммияти зиёд пайдо кардааст.
Ҳамзамон, дар идомаи суханронӣ Пешвои муаззами миллат оид ба вазъи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, раванди босуръати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, дастгирии толибилмону ҷавонони болаёқат ва омода намудани кадрҳои баландихтисос изҳори андеша карданд.
Яке аз масъалаҳое, ки дар суханронӣ ба он таваҷҷуҳи бевосита зоҳир карда шуд, дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва қабули барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа мебошад.
Зикр карда шуд, ки дар 9 соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе 55 муассисаи нави таълимӣ бо зиёда аз 95 ҳазор ҷойи нишаст ва 42 кӯдакистони замонавӣ барои 8 ҳазор кӯдак бунёд ва ба истифода дода шудааст. Танҳо соли равон ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти кишвар 7 муассисаи нави таълимӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва 8 муассисаи томактабии наву замонавӣ барои 1000 кӯдак ба фаъолият оғоз менамояд. Қайд гардид, ки “... тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст”, изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамзамон, дар суханронӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносиву риёзӣ ва дақиқ ва интихоби касб аз ҷониби наврасону ҷавонон зоҳир карда шуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар бораи аҳамияту афзалияти фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия, Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030, баланд бардоштани сифати таҳсилот, аз ҷумла такмили маҳорати касбии омӯзгорон, андешаронӣ намуданд.
Вобаста ба нақш ва ҷойгоҳи муассисаҳои олии касбӣ наз ибрози назар гардида, қайд карда шуд, ки “... дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи донишкадаву донишгоҳҳои кишвар бамаротиб афзуда, ҳоло ба 51 расидааст ва чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии мо соҳиби мақоми байналмилалӣ гардидаанд”.
Дар ин замина таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намудан ба ихтисосҳои мутобиқ ба бозори меҳнат, бахусус дар соҳаи амнияти компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, яке аз паҳлӯҳои муҳимми суханронии Сарвари давлатро ташкил намуд.
Суханронии Пешвои муаззами миллат дар Рӯзи дониш дастурӣ ғание аст, ки тамоми самтҳои маориф ва таълиму тарбияро фаро гирифта, роҳҳои ҳалли онро низ пешниҳод ва роҳнамоӣ менамоянд.
Нуктаи хотимавии суханронии Пешвои муаззами миллат дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо даъвати қишри накӯноми миллат-омӯзгорон ба иҷрои рисолати муқаддас ва тақдирсоз, яъне таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои замони муосир, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва оромиву осоиш дар Ватани маҳбубамон анҷом пазируфта, наврасону ҷавононро бошад, барои донишомӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар, омӯзиши китоб ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳидоят намуданд.
Дар ин рӯзи барои миллат саодатманд – Рӯзи дониш кулли кормандони низоми маорифи кишвар, устодону шогирдон ва ҳамватанонамонро табрик менамоем.
Рӯзи дониш муборак!
Насуриён Пулод Асадулло, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия







































































































































































