I-УМИН КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ «МАСОИЛИ МУБРАМИ НАЗАРИЯ, ҚОНУНГУЗОРӢ ВА АМАЛИЯИ МУҚОВИМАТ БА ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР»








Мусаллам аст, ки кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон як воҳиди сохтории муҳим ва калиддӣ дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос ва инчунин баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи гуногуни илмӣ маҳсуб меёбад. Ин аст, ки санаи 21 майи соли 2026 кафедраи мазкур бо дастгирии роҳбарияти Академия ва роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии соли 2026 дар толори калони Вазорати мазкур I-умин конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ зери унвони «Масоили мубрами назария, қонунгузорӣ ва амалияи муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир», бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор намуд.
Дар кори конференсияи мазкуролимон-ҳуқуқшиносон, намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин, намояндагони давлатҳо-аъзоёни ИДМ фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла дар байни иштирокчиёни хориҷии конференсия намояндагони Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон – докторантон ва аъзоёни Шурои олимони ҷавони Академия ҳузур доштанд, ки дар рушди фаъолияти илмӣ-тахқиқотӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии академӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Сараввал чорабинии мазкур бо хондани суруди миллӣ оғоз шуда, баъдан тибқи барнома конференсияи мазкур бо суханҳои ифтитоҳии шахсони зерин шуруъ гардид:
Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-полковники милитсия;
Ализода Зариф – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, д.и.ҳ., профессор;
Саидвализода Барно Саиднабӣ – Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия;
Насуриён Пулод Асадулло – Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия;
Нигматов Руфтулло Олимджонович – Муовини сардори Донишкадаи таҳқиқоти криминологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, полковник, доктори фалсафа (PhD), профессор;
Бавсун Максим Викторович – Муовини сардори Донишгоҳи ВКД Россия оид ба илм дар ш. Санкт-Петербург, д.и.ҳ., профессор, полковники политсия.
Минбаъд Солиев Карим Ҳоҷиевич – Мушовири вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия, ки модератории ин чорабинии илмиро ба ӯҳда доштанд, аз рӯйи барнома суханро ба баромадкунандагони зерин доданд, ки онҳо дар мавзуъҳои гуногун маърӯза намуданд:
Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон – Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия бо маърӯза дар мавзуи «Назария, амалия, воқеият ва рақамҳои муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон»;
Сафарзода Ҳаёт Сайдамир– Профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент бо маърӯза дар мавзуи «Сабаб ва шароити пайдоиши экстремизми динӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ;
Шарипов Тақдиршо Шарипович – Профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор бо маърӯза дар мавзуи «Таъсири ҳуқуқи ҷиноятии байналмилалӣ ба қонунгузории миллӣ»;
Заробидинзода Сулаймон Заробидин – Сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия бо маърӯза дар мавзуи «Аҳаммияти ҳуқуқӣ-ҷиноятии доғи судӣ ҳамчун аломати ретсидиви ҷиноят ва масоили нигоҳдории он»;
Солиев Карим Ҳоҷиевич – Мушовири вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия «Зеҳни сунъӣ ва ҳудудҳои зеҳнӣ ҳамчун фишангҳои калидии муқовимат ба нашъаҷаллобии фаромиллӣ».
Ҳамин тариқ, қисми якуми конференсия ба анҷом расида, идомаи он баъд аз нисфирӯзи оғоз гардид. Зимни оғози қисми дуюми чорабинӣ Заробидинзода Сулаймон Заробидин – Сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия, ки модератории конференсияро ба ӯҳда дошт, ҳамаи иштирокчиёнро барои иштироки фаъолонаашон изҳори сипос намуда, ба кори конференсия муваффақиятҳо таманно намуданд. Минбаъд ба ҳар як иштирокчии ватанӣ, ба хусус ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимию илмии ватанӣ инчунин меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ, ки аксари онҳо тариқи маҷозӣ дар кори конференсия иштирок ва баромад намуданд сухан дода шуд.
Ба кумитаи тадорукоти конференсия зиёда аз 70 мақолаи илмии олимони ватанӣ ва хориҷӣ ворид гардид. Мақолаҳои пешниҳодшуда дар маҷмуаи маводи конференсия ҷамъоварӣ ва нашр гардида, дар рӯзи баргузории конференсия ба муаллифони онҳо тақдим карда шуданд.
Минбаъд миёни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи таҳқиқоти криминологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёддошти тафҳум дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Мақсади Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ – ин фароҳам овардани шароит барои ҳамкории мутақобилан судманд ва мубодилаи таҷриба, мусоидат ба муттаҳид намудани кӯшишҳои Тарафҳо ҷиҳати такмили мактаби криминологияи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба мавқеи арзанда дар сатҳи ҷаҳонӣ, истифодаи дастовардҳои пешрафтаи илми ҷаҳонӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти криминологӣ, ҷалби грантҳои байналмилалӣ, инчунин амалӣ намудани таҳқиқоти муштараки илмӣ мебошад.
Дар бахши ҷамъбастии чорабинӣ тарафҳо аз номи роҳбарияти муассисаҳо ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Дар умум хулоса кардан мумкин аст, ки баргузор намудани чунин конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ метавонад, барои таҳкими иқтидори илмӣ, такмили фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани самаранокии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар шароити муосир мусоидат намояд.
Сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминология ва психологияи факултети № 2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия
Заробидинзода Сулаймон Заробидин







































































































































































