Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

"ШӮРОИ ҶАВОНОН"-И АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1 11 21 31 41 51 61 71 81 91 101 111 121 131 141 151 161 171 181 191 201 211 221 231 241 251 261 271 281 291 301 311 311 321 331 341 351 361 371 381 39Баргузории ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Сиёсати давлатии ҷавонон: дастовардҳо ва дурнамои рушд» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 майи соли 2026 дар толори асосии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Сиёсати давлатии ҷавонон: дастовардҳо ва дурнамои рушд» баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, бо мақсади таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандаву бунёдкорона роҳандозӣ гардид. Дар ҳамоиш намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон, ҳайати профессорону омӯзгорон, афсарони ҷавон ва курсантони Академия иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Насуриён Пулод Асадулло — Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия оғоз гардида, мавсуф доир ба сиёсати ҷавонпарваронаи давлату Ҳукумат, нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва аҳамияти омодасозии кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ андешаҳои муҳим иброз намуд.

Сипас Шокирзода Муҳаммадтолиб — Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз дастовардҳои сиёсати давлатии ҷавонон ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии кишвар нисбат ба ҷавонон ёдовар гардид.

Дар ҷараёни ҳамоиш олимону омӯзгорон бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуда, масъалаҳои муҳими вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон, нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдорӣ, арзишҳои оилавӣ ва тарбияи ватандӯстии насли наврасу ҷавонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷумла:

???? Раҳмонзода Азимҷон Шералӣ — Ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои таърих, дар мавзӯи «Пешвои миллат — пешбарандаи сиёсати давлатии ҷавонон дар арсаи байналмилалӣ»;

???? Мансурзода Амиршоҳ Мансур — Сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия, дар мавзӯи «Нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар амалигардии сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон»;

???? Нарзуллозода Суҳроб Саидаҳмад — Сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар партави Паёми Пешвои муаззами миллат»;

???? Абдурашидзода Азиз Абдумансур — Котиби Шурои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия, дар мавзӯи «Никоҳ ва оила дар низоми арзишҳои ҷавонони муосир»;

???? Ҳалимзода Далер Обид — Муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия, дар мавзӯи «Ҷавонон пешбарандаи сиёсати давлатии кишвар»;

???? Саидзода Толиб Шамсиддин — Муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия, дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ».

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор афсарони ҷавон ва курсантони фаъол барои иштироки фаъолона дар корҳои таълимӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Қисмати дуввуми чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангӣ-консертӣ идома ёфт.

Дар ин қисми тантанавӣ ҳунармандони ҷавон, курсантону шунавандагони Академия бо сурудҳои ватандӯстона, таронаҳои дилнишин, қироати шеърҳои пурмазмун ва барномаҳои ҷолиби саҳнавӣ ҳунари худро пешкаши ҳозирин намуданд. Оҳангҳои саршор аз муҳаббат ба Ватан, садоқат ба миллат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба толор фазои гарму самимӣ ва рӯҳияи идона бахшиданд.

Суруду оҳангҳои тараннумгари истиқлол, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва сиёсати ҷавонпарваронаи давлату Ҳукумат дар қалби иштирокчиён эҳсоси баланди ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва ватандӯстиро тақвият доданд. Барномаи консертӣ бо ҳунарнамоии ҷолибу хотирмон ба ҳамоиш шукӯҳи тоза бахшида, дар хотири иштирокчиён таассуроти нек боқӣ гузошт.

Дар анҷоми ҳамоиш Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло натиҷагирӣ намуда, таъкид намуданд, ки татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон омили муҳими таҳкими давлатдорӣ, суботи ҷомеа ва рушди устувори кишвар мебошад.

Ҳамоиши мазкур ҳамчун як чорабинии муҳими илмӣ-фарҳангӣ бозгӯи дастовардҳои сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва тарбияи кадрҳои содиқ ба давлату миллат саҳми назаррас гузошт.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...