Милитсияи тоҷик дар масири ислоҳот
Баробари ба итмом расидани «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020», бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» ва Нақша-чорабиниҳои амалисозии Барнома тасдиқ гардид, ки он қадами муҳим дар самти идомаи ислоҳоти соҳа мебошад. Новобаста ба ин, имрӯз мо шоҳидем, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷомеаи муосир ба бархӯрди манфиатҳо рӯ ба рӯ гардидааст. Чунин вазъ ҳар як узви ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки баҳри таъмини сулҳу субот дар дохили давлати худ, минтақа ва сайёра кӯшиш намояд.
Вобаста ба ин масъала дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16 декабри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла иброз намуданд, ки: “Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем. Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад. Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд. Бинобар ин, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад. Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешад”.
Мақсади асосии ислоҳот, пеш аз ҳама, таъмини волоияти қонун, демократикунонии он дар ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад, зеро солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба вуқӯъ омаданд, ки ин дигаргуниҳо муносибатҳои ҷамъиятии сифатан нав ба вуҷуд оварданд. Дар ин марҳала низоми ҳуқуқӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, амалияи он низ дигаргун шуда истодааст.
Мустаҳкам намудан ва инкишоф додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки милитсия як ҷузъи таркибии он мебошад. Дар ин ҷода, аз ҳама муҳим, мустаҳкам намудани алоқаи милитсия бо ҷомеа, таъмини шаффофияти фаъолияти он ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани фаъолияти милитсия мебошад.
Албатта, ин шаҳодати он аст, ки ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд ва инкишофи низоми мақомоти корҳои дохилӣ, талабот ба омӯзиши кадрҳо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии он ба назар расида, фаъолияти милитсия бо мутахассисон таъмин карда мешуд. Дар ин самт Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамуҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд.
Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоиҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2007 тасдиқ гардидааст ва Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 (минбаъд - Стратегия), ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 тасдиқ гардидааст ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 “Дар бораи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020” тасдиқ гардид ва дар асоси ин санадҳо, фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ аз 10 июни 2017 “Дар бораи тасдиқ намудани “Низомномаи Шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия” ва таъсис додани чунин шуроҳо дар назди шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳо ба имзо расид, ки яке аз принсипҳои асосии фаъолияти милитсияи тоҷик ба шумор меравад. Бинобар ин, бо назрдошти таҷрибаҳои беҳтарин ва пешқадами ҷаҳонӣ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин иқдомро пеша кард, то ки дар якҷоягӣ оромии ҷамъият таъмин карда шавад. Яке аз ҳадафҳои стратегии ислоҳот дар сатҳи қонун ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба танзим даровардани фаъолияти милитсия мебошад. Бо дастгирии роҳбарияти ВКД лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи политсия” дар доираи гурӯҳи кории дохилиидоравӣ, шуроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ мавриди коркард ва такмили ҳамаҷониба қарор дода шуд. Назорати иҷрои Стратегияи ислоҳоти милитсия ва Низомномаи шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия ба уҳдаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД вогузор шудааст.
Дар Барнома асоснокии гузаронидани ислоҳот ва рушди милитсия, дурнамои натиҷаҳои эҳтимолии иҷтимоиву иқтисодӣ, маълумот дар бораи маблағгузорӣ, манбаъ, тартиб ва муҳлати хароҷот пешбинӣ мегарданд. Ҷараёни амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои Барнома дар ҳамкории мутақобила бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бюрои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон (минбаъд - Бюрои САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва кишварҳои донор ба роҳ монда мешавад.
Ислоҳоти милитсия бояд иқдоми аввалине бошад, ки бо тағйироти муносиб дар фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ пурра ва мукаммал гардонида мешавад. Дар раванди татбиқи Барномаи ислоҳоти милитсия дар Академия ба ҷараёни таълим бо мақсади баланд бардоштани дониши назариявӣ ва малакаи касбии кормандони милитсия раиси Шурои собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷурахонзода С.Қ., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники мустаъфии милитсия Раҷабзода Р.М., н.и.т, дотсент, полковники мустаъфии милитсия Ғафуров М.Ҳ. ва дигар собиқадорони соҳа ҷалб гардида, дар мавзуъҳои ватандӯстӣ ва иҷрои қарзи хизматӣ суҳбатҳо гузаронида шуда истодаанд.
Аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини сардори Академия оиди кор бо ҳайати шахсӣ полковники милитсия Абдулаҳадзода А.А., лоиҳаи Низомнома дар бораи Комиссияи аттестатсионии ВКД ва дигар низомномаҳо дар бораи комиссияҳои ВКД, аз ҷумла Комиссияи одоб, Комиссияи танзими ҷашну маросимҳо, Комиссияи риояи қонуният, Комиссияи ҳимояи ҳуқуқии кормандон, Комиссияи манзилӣ омӯхтаву коркард гардиданд. Вобаста ба ҷалби ҷавонон ба муассисаҳои таълимии ВКД гузаронидани рӯзҳои «Дарҳои кушод» дар ҳар як семоҳа бо роҳбарияти ВКД ва Академия мувофиқа гардид. Тартиби қабули имтиҳон дар Академия намояндагони шуроҳои ҷамъиятӣ, волидайни курсантон марҳила ба марҳила ҷалб мегарданд. Вобаста ба ташаккули симои мусбати корманди МКД ва ҷалби онҳо ба хизмат вохӯриҳо бо гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ва омӯзгорони Академия бо хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, Мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар Академия полигонҳои тири электронӣ, лабораторияи химия, синфхонаи ронандагӣ, кабинети ҳамкорӣ бо милитсия, толори Шурои диссертатсионӣ сохта ба истифода дода шуданд. Вобаста ба ташаккул ва такмили ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақомоти гуногуни давлатҳои хориҷи кишвар дар соҳаи тадқиқоти илмӣ-методӣ Академия тадқиқотҳои илмӣ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ яке аз рукнҳои асосии фаъолият ҳисобида, аз ҷониби роҳбарияти ВКД ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.
Дар шароити муосир, тавре Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро борҳо таъкид кардааст, раванди идоракунии самараноки мақомоти корҳои дохилиро бе тадқиқотҳои илмӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар ин ҷода бояд профессорону омӯзгорони Академия фаъолияти густурда дошта бошанд. Фаъолияти илмии Академияро сардори он генерал-майори милитсия Насуриён П.А., муовини сардор оид ба илм полковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р., шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр роҳбарӣ ва ба танзим медароранд.
Давлатзода Наргис Давлат,
муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4, Академияи ВКД,
капитани милитсия







































































































































































