Курсантон ҳамчун афсарони оянда
Дар шароити муосир тарбияи курсантон ҳамчун афсарони оянда танҳо ба омӯзиши донишҳои ҳарбӣ маҳдуд намешавад. Ҷомеа имрӯз аз онҳо шахсиятҳои ҳамаҷониба рушдёфта, дорои одобу ахлоқи баланд, интизоми устувор ва омодагии психологиро талаб мекунад. Зеро курсант имрӯз на танҳо донишомӯз, балки афсари оянда аст, ки фардо масъулияти роҳбарӣ ва тарбияи дигаронро ба дӯш мегирад.
Сифатҳои ахлоқии афсар дар давоми тамоми ҳаёт ташаккул меёбанд, аммо давраи муҳимтарини ин раванд айёми таҳсил дар муассисаҳои олии ҳарбӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин марҳила пояҳои асосии шахсияти афсари оянда гузошта мешаванд. Курсант ҳамчун афсари оянда бояд дар худ эҳтиром ба инсон, ҳисси масъулият, ростқавлӣ ва садоқатро парвариш намояд. Ин сифатҳо ӯро ҳамчун роҳбари боэътимод ва инсондӯст муаррифӣ мекунанд.
Фарҳанги муносибатҳои хизматӣ яке аз самтҳои муҳими тарбияи курсантон мебошад. Барои афсари оянда ин фарҳанг танҳо маҷмӯи қоидаҳо нест, балки тарзи зиндагӣ аст. Муносибати эҳтиромона ба ҳамхизматон, фармондеҳон ва зердастон, одоби муошират ва рафтори намунавӣ бояд ба хислати доимии курсант табдил ёбад. Афсари оянда бояд дарк намояд, ки ҳар як рафтори ӯ барои дигарон намуна мегардад.
Дар баробари ин, омодагии психологӣ нақши калидӣ дорад. Курсант ҳамчун афсари оянда бояд дорои устувории равонӣ, худназоратӣ ва қобилияти идора кардани эҳсосоти худ бошад. Дар шароити хизматӣ бисёр ҳолатҳое ба вуҷуд меоянд, ки қарорҳои зуд, дуруст ва оқилонаро талаб мекунанд. Танҳо шахси аз ҷиҳати равонӣ омодабуда метавонад дар чунин вазъиятҳо оромиро нигоҳ дошта, роҳбари самаранок бошад.
Интизом яке аз пояҳои асосии шахсияти афсари оянда мебошад. Риояи қатъии қоидаҳо, эҳтиром ба вақт, иҷрои дақиқи супоришҳо ва масъулиятшиносӣ аз нишонаҳои афсари ҳақиқӣ ба ҳисоб мераванд. Курсант бояд интизомро на танҳо ҳамчун талаботи низомӣ, балки ҳамчун як меъёри дохилии рафтор қабул намояд.
Мутаассифона, дар ҷомеа баъзан ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки бо меъёрҳои баланди ахлоқӣ мувофиқат намекунанд. Дар чунин шароит нақши курсантон ҳамчун афсарони оянда боз ҳам муҳим мегардад. Онҳо бояд намунаи одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги муошират ва рафтори шоиста бошанд, то дар оянда тавонанд ба ҷомеа таъсири мусбат расонанд.
Хусусияти муҳими дигар — муносибати одилона ва ягонагии назар дар байни фармондеҳон мебошад. Муҳити солими равонӣ ба ташаккули шахсияти афсари оянда таъсири мусбат мерасонад. Курсанте, ки дар чунин муҳит тарбия меёбад, дар оянда низ нисбат ба зердастони худ муносибати одилона ва инсондӯстона зоҳир мекунад.
Курсантон ҳамчун афсарони оянда бояд дорои одобу ахлоқи баланд, интизоми устувор ва омодагии қавии психологӣ бошанд. Танҳо дар ин сурат онҳо метавонанд масъулияти бузурги худро — ҳифзи Ватан, таъмини амният ва тарбияи насли ояндаро — ба таври шоиста иҷро намоянд. Курсант имрӯз — афсари фардо ва такягоҳи устувори давлату ҷомеа мебошад.
Муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминология ва психологияи Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитани милитсия Анвариён Ш.Ш.







































































































































































