ТАРТИБИ ҚАБУЛИ МАВОД БА МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ «ОСОРИ АКАДЕМИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Мақола ба Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди чопӣ ва ё ин ки электронӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар маҷаллаи илмӣ мақолаҳое, ки натиҷаҳои тадқиқоти илмие, ки ба тахассусҳои илмии соҳаи ҳуқуқии зерин: 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат; 12.00.02 – Ҳуқуқи конститутсионӣ; ҳуқуқи мурофиаи судии конститутсионӣ; танзими ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллӣ; 12.00.08 – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ; 12.00.09 – Ҳуқуқи мурофиавӣ-ҷиноятӣ; 12.00.11 – Фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ; фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ; 12.00.12 – Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебошанд, чоп мешаванд.
Мақола бояд дорои аннотатсия, вожаҳои калидӣ ва рӯйхати адабиёт бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бошад.
Номи мақола ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо ҳуруфи сиёҳ ва БО ҲАРФҲОИ КАЛОН, бе сархат ва дар мобайни матн ҳуруфчинӣ мешавад.
Ба мақола бояд маълумот дар бораи муаллифон ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо ишораи Н.Н.П., ҷойи кор (номи ташкилот), вазифаи ишғолкарда, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ ва суроғаи почта (хизматӣ), ҳамчунин суроғаи электронӣ замима шаванд.
Мақола бояд бо расми муаллиф (-он) ва ному насаби муаллиф ба файл ҳамроҳ карда шавад, мисол: Раҷабов Н.. JPG.
Мутобиқи мавзуи мақола муаллиф УДК-и онро нишон медиҳад.
Шакли электронии мақола дар намуди файли MS Word дар андозаи *. doc бояд мутобиқат кунад.
Файл бояд дорои ному насаби муаллиф(-он) бошад, мисол: Раҷабов Н. doc, Раҷабов-Собиров. doc
Ба мақола ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:
1) иқтибос аз протоколи ҷаласаи кафедра (дар сурати будани он аз ҷойи кори муаллиф) бо тавсия барои чоп;
2) хулосаи экспертӣ дар бораи надоштани маълумоти барои чопи оммавӣ манъшуда, бо муҳри нишонии муассиса тасдиқшуда;
3) тақриз аз ҷониби мутахассисе, ки дорои дараҷаи илмии доктор ё номзади илм (агар муаллиф(он) номзад, унвонҷӯ, аспирант ё адъюнкт) бошад, имзои муқарриз бояд ки аз ҷониби дастгоҳи кадрии ҷойи кори асосии онҳо (бо муҳри муассиса) тасдиқ шуда бошад.
Ҳаҷми мақола бояд на кам аз 5 ва на зиёд аз 20 саҳифа (барои докторон ва номзадҳои илм) ва на зиёда аз 12 саҳифа (барои докторантон, унвонҷӯён ва адъюнктон) бошад. Рақамгузории саҳифаҳо гузошта намешавад.
Мақола бояд бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ бо гарнитураҳои Times New Roman Tj, Times New Roman бо фосилаи байнисатрии ягона (одинарный) ҳуруфчинӣ шуда бошад. Фосилаи сархат бояд ки якхела ва баробар ба 1,25 см. бошад.
Андозаи ҳуруфи асосӣ бояд ба 14 баробар бошад.
Рақамгузории иқтибосҳо ба адабиёт бо рақамҳои арабӣ дар қавсҳои мураббаъ оварда мешаванд, масалан: «Ҳамчунон ки аз ҷониби К.Ҳ. Солиев ишора гардидааст [2, с. 34-40], чунин самара ҳангоме зоҳир мегардад, ки…».
Рӯйхати адабиёт бояд дар мутобиқат бо стандартҳои давлатии «Иқтибоси библиографӣ» мураттаб гардад.
Рӯйхати адабиёти истифодашудае, ки муаллиф ба он такя мекунад, дар охири мақола оварда мешавад. Поварақ (ҳам дар дар зери ҳар саҳифа ва ҳам дар охири ҳар мақола) иҷозат дода намешавад. Ҳамаи мақолаҳо аз системаи «Антиплагиат. ВУЗ» гузаронида мешаванд. Ҳиссаи матни аслӣ набояд аз 70% кам бошад.
Мақолаҳо ва маводи чопӣ ба суроғаи 734012, ш.Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов, 3, тел: +(992) 226 28 92 ва ё тариқи суроғаҳои интернетии E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол карда шаванд.
Ақидаи ҳайати таҳририя метавонад ба нуқтаи назари муаллифони мақолаҳо мувофиқ наояд. Барои мазмуни мақолаҳо ва маълумоти саҳеҳ муаллифонашон масъул мебошанд. Ҳангоми пурра ё қисман чоп ё ба ҳар тарз истифода бурдан, истинод ба сарчашма ҳатмист.