Самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар Академияи Вахорати корҳои дохилӣ
Яке аз нишондодҳои муҳимми самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, нашр намудани маводи илмию таълимӣ ба шумор меравад. Бо қувваи ҳайати профессорону муаллимони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ шумораи зиёди китобҳои дарсӣ, монография, маҷмӯаи осори илмӣ, брошюраҳо, мақолаҳои илмӣ, маводи таълимӣ-методӣ таҳия шуда, даҳҳо пешниҳоду таклифҳо оид ба такмили қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд.
Олимони Академия бевосита дар омода сохтани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конунҳо «Дар бораи милитсия», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи ҳимояи иҷтимоию ҳуқуқӣ аз зуроварӣ дар оила», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва ғайра фаъолона иштирок намудаанд. Дастовардҳои олимони Академияи ВКД аз ҷониби олимони шинохтаи ҷумҳурӣ, кормандони амалии ҳуқуқтатбиқкунанда ва инчунин, аз ҷониби намояндагони давлатҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ пазируфта шудаанд.
Дастоварди бузурги олимони Академия – таълиф намудани «Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки он дар ҳаҷми 880 саҳифа ба чоп расидааст.