Ҷалби курсантон ба корҳои амалӣ
Бо ташаббуси роҳбарияти Академияи ВКД барои рангину ҷолиб гардидани машғулиятҳои амалии курсантону шунавандагони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, онҳо ба ҳар гуна маҳфилу чорабиниҳо ҷалб карда мешаванд.
Тавре маълум аст, баргузории чунин ҷамъомадҳо миёни ҷавонон ба баланд гардидани маҳорату малакаи онҳо, аз ҷумла барои савияи донишҳои амалиашон таъсири калон мерасонанд.
Дар робита ба ин бояд гуфт, ки чанде пеш як гурӯҳ курсантони курси чоруми факултети №2, бо роҳбарии нозири калони гурӯҳи нозиротии шуъбаи кадрҳо, ӯ низ муаллим-ҳамкори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2-и Академияи ВКД подполковники милитсия Савзалӣ Файзиев, ҷиҳати аз наздик ошноӣ пайдо намудан бо фаъолияти Қабулгоҳи тақсимотии оворагардон ва гадоёни Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба он ҷо рафтанд.
Зимни суҳбати масъулини ин қабулгоҳ подполковники милитсия Саидаҳмад Набиев ва майори милитсия Насиба Палвонова бо курсантон, доир ба фаъолияти хизматии Қабулгоҳи мазкур маълумоти муфассал дода шуд.
Курсантон дар навбати худ оид ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти ин қабулгоҳ ба масъулини соҳа саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ