Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмун аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷамъбаст гардид

75

21 октябри соли 2017 бахшида ба «Соли ҷавонон», Рӯзи корманди оперативӣ, 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсия аз ҷониби факултети №6-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

76

Озмуни мазкур аз чор давра иборат буда, дар он чор гурӯҳи таълимӣ иштирок намуданд. Бо бадаст овардани холҳои зиёд гурӯҳи таълимии 507 ғолибони озмун эълон гардиданд. Курсанти курси 5, гурӯҳи таълимии 507, сержанти хурди милитсия Мародбекова Ф. бошад «Беҳтарин иштирокчии озмун» аз ҷониби ҳайати ҳакамон интихоб гардид.

77

Чуноне, ки медонем фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ нақши муҳимро мебозад, чунки беш аз 90% ҷиноятҳо маҳз ба воситаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кушода мешаванд. Ногуфта намонад, ки ташкил намудани чунин озмун ба ташаккул ёфтани дониш доир ба фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат хоҳад кард.
Самиев Н.М., сардори факултети №6, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...