Эълони конференсия дар мавзӯи «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»
Роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, саҳмгузорӣ ба рушду инкишофи фарҳангиву маънавӣ ва илмӣ барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар доираи Нақша-чорабиниҳо тасмим гирифтааст, бо ҷалби васеи олимону муҳаққиқони ҷавон Конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», санаи 25-уми апрели соли 2018, соати 10:00 баргузор намояд.
Матни маърӯзаҳо ва мақолаҳо дар самти илмҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқӣ то санаи 20-уми апрели соли 2018 дар ҳаҷми 5 саҳифаи чопӣ бо шрифти Times New Roman Tj андозаи 14, интервали 1,15 тариқи чопӣ ба факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё тариқи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. қабул гардида, нашр карда мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 92 705 32 23 ва (83422) 20804