Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълони дохилшавӣ ба адъюнктура

29

Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳоро ба андъюнктура дар соли 2017 аз рӯи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:

• 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат
• 12.00.02 – ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ; ҳуқуқи мунитсипалӣ
• 12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ
• 12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
• 12.00.09 – мурофиаи ҷиноятӣ
• 12.00.11 – фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ ва ҳуқуқҳифзнамоӣ
• 12.00.12 – криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ.
Шартҳои қабул: Ба таҳсили рӯзона дар асоси озмун шахсони синнашон то 35-сола ва ба таҳсили ғоибона шахсони синнашон то 45-сола, ки дорои маълумоти олӣ ва собиқаи кории на камтар аз 2 сола мебошанд, қабул карда мешаванд. Мутахассисони ҷавон бевосита пас аз хатми муассисаҳои олии касбӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои озмунӣ ба адъюнктура бо тавсияи шӯрои илмии муассисаи таҳсилоти олӣ (факулта) иҷозат дода мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд: ариза (гузориш) ба номи сардори Академияи ВКД бо нишон додани ихтисоси интихобнамуда ва шакли таҳсил; варақаи шахсӣ бо ду дона расми 4x6 см; тарҷумаи ҳол; тавсифнома аз ҷои кор; рӯйхати асарҳои чопшуда ва гузоришҳо оид ба корҳои илмиву тадқиқотӣ (шахсоне, ки асарҳои илмии чопшуда надоранд, аз руи ихтисоси интихобкардаашон реферат (бо забони русӣ дар ҳаҷми то 28 саҳифаи чопӣ) пешниҳод менамоянд); нусха аз протоколи ҷаласаи шӯрои илмӣ барои шахсоне, ки ба адъюнктура аз тарафи шӯроҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ бевосита пас аз хатми ин муассисаҳо тавсия шудаанд; нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ (барои шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дигарро хатм кардаанд, шаҳодатномаи баробарарзиши ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот); шаҳодатнома дар бораи супоридани имтиҳонҳои номзадӣ (агар супорида бошанд); нусха аз дафтарчаи санҷишӣ (ё ин ки замима ба диплом); маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ; нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
Ҳуҷҷатҳои мазкур бо шиноснома ва дипломи хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби довталабон шахсан пешниҳод карда мешаванд.
Дохилшавандагон аз ихтисос, фалсафа ва яке аз забонҳои хориҷӣ дар ҳаҷми доираи барномаҳои амалкунандаи мактаби олӣ ба таври озмун имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.
Шахсоне, ки имтиҳонҳои номзадиро пурра ё қисман супоридаанд, ҳангоми дохилшавӣ ба адъюнктура аз имтиҳонҳои дахлдори дохилшавӣ озод карда мешаванд.

Муҳлати қабули хуҷҷатҳо то 12 октябри соли 2017

Маълумоти иловагиро оид ба тартиби қабул ва таҳсил дар адъюнктура аз сомонаи интернетии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.avkd.tj) метавонед пайдо кунед ё бевосита ба шуъбаи адъюнктураи Академия муроҷиат намоед: тел.: 93-444-40-66 (Юсуфзода Акмал Ҳотам); e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...