Пешгирӣ намудани ҳолатҳои сар задани кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 таҳти №222 ва тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 2022 бо мақсади гузаронидани суҳбату вохӯриҳо дар самти муқовимат бо коррупсия санаи 29 марти соли 2022 бо ҷалби намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Академияи ВКД дар дарси умумӣ бо иштироки ҳайати шахсӣ ва тағйирёбанда гузаронида шуд. Дар ин самт аз ҷониби маърузакунанда тамоми паҳлуҳои пешгирӣ намудани ҳолатҳои сар задани кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта ва оқибатҳои манфии ин зуҳуроти вабои аср пурра маънидод гардида, аз ҷониби ҳайати шахсӣ саволу дархост ва пешниҳодҳо барои боз ҳам мустаҳкам намудани қонунгузории соҳаи мазкур манзур гардид.
Сафарзрда С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.