Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон оид ба баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ

Рӯзи 31-уми октябри соли 2019 бахшида ба 25-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд» аз ҷониби Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори конференсияи мазкур олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд, адвокатура, роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба нақшаи мавзӯи конференсия ҳавасманданд, метавонанд иштирок намоянд.
Дар кори конференсия баррасии масъалаҳо вобаста ба рушди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо, нақши Конститутсия дар эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар кори конференсия мавзӯъҳои зерин баррасӣ мегарданд:
- «25 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамои он»;
- «Аҳамияти Конститутсияи соли 1994 ҷиҳати эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд»;
- «Давраҳои инкишофи конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили муқоисавӣ-таърихӣ»;
- «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - таҷассумгари арзишҳои ҳуқуқи инсон»;
- «Конститутсия ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ»;
- «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ»;
- «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили идоракунии давлатӣ».
Иштироки бевосита ва ё ғоибона дар кори конференсия имконпазир аст. Хароҷоти роҳ, истиқомат ва хӯрду хӯрок аз ҳисоби худи иштироккунанда ё ҷониби равонкунанда мебошад. Даъвати иштирокчиён баъд аз қабули дархост ва баррасии фишурда (тезис) ё мақола ба роҳ монда мешавад.
Забони кори конференсия – тоҷикӣ ва русӣ.
Баромад ва мақолаҳоро метавонед бо забони тоҷикӣ, русӣ ирсол намоед.
Барои иштирок дар кори конференсия то 25-уми октябри соли 2019 дархост (замимаи 1) ва шакли электронии фишурда (тезис) ва мақола (замимаи 2) қабул карда мешаванд.
Дархосте, ки баъд аз 25-уми октябри соли 2019 ирсол карда мешавад, баррасӣ намегардад.
Баъд аз анҷоми кори конференсия омода намудани маҷмӯаи маводи конференсия, ба нақша гирифта шудааст.
Суроғаи электронӣ барои ирсоли мавод: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..
Оид ба дигар масъалаҳои вобаста ба кори конференсия метавонед тавассути телефонӣ: + (992 37) 226-33-95; (992) 931-13-14-14 дар тамос бошед.
Шахси масъул: Бобоназарзода Фарҳод Шарофидин.
Иштироки Шуморо дар кори конференсия таманно дорем!
Кумитаи тадорукот

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...