Семинар-машварат дар мавзӯӣ «Пешгирии зӯроварӣ дар оила»
Тибқи иҷроиши банди 1-и нақша-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба иҷрои Нақшаи миллии амалҳо оид ба тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оиди ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (давраи дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №АП-901 аз 07.06.2017 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машваратҳо дар мавзӯӣ «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» доир гардид.
Дар семинар-машварат сардори кафедраи такмили ихтисос номзади илмҳои сиёсӣ подполковники милитсия Ҳалимзода Д.Д., корманди ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила лейтенанти калони милитсия Муродалиева М.И., омӯзгори кафедра лейтенанти калони милитсия Қурбонов Ф.Н. ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла кормандони милитсияи экологӣ ва взводҳои карантинии милитсияи ВКД, Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ВКД ва кормандони самти Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Насуриён П.А., сардори факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия