Маркази Матбуоти Академияи ВКД
18 марти соли 2018 аз ҷониби Вазири корҳои дохили генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. Студияи телевизиони ва студияи сабти овоз расман ба истифода дода шуд. Студияи муосири телевизиони ва студияи сабти овоз расман кушода шуда, суҳбати нахустин дар студия бо Вазири корхои дохили баргузор гардида, дар рафти суҳбат аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ ба студияи навтаъсис номи Навруз гузошта шуд, чунки кушодашавии студияи навтаъсис дар ҷашнии байналмиллали Навруз сурат гирифт.
Мақсад аз таъсиси чунин студияи телевизионӣ ва студияи сабти овоз ба роҳ мондани тарбияи кадрҳои болаёқати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи боз ҳам беҳтару хубтар ва рох намудани тачрибаҳои беҳтарини даврони муосир мебошад. Ҳамчунин дар студия курсантону омӯзгорон ба таври фаъол ширкат намуда, санъати суханварии худро сайқал медиханд. Чунки корманди милитсия дар баробари ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бояд дорои маданияти бойи муошират ва фарҳангӣ касбӣ бошад.
Бо мақсади зарурияти хизматӣ, бо пешниҳодоти роҳбарияти Академияи ВКД ва супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ 05 марти соли 2019 Маркази матбуоти Академияи ВКД таъсис дода шуд. Дар маркази матбуоти Акдемия курсантон ва омузгорони ботаҷриба барои инъикоси хайёти Академия тарғиботи хукуки дар байни курсантон ва шахрвандон чалб гардиданд.
Хар субх соати 7.00 радиои академия барномахои худро бо 3 забон точики, руси, англиси пахш менамояд ки натокони он омȳзгорон ва курсантон академия мебошанд. Хам дар студияи телевизони ҳамчунин дар сомонаи расмии академия, рузномаи Набзи милитсия ва конун ва чомеа курсантон бо маколахо ва гузоришхои илми омави баромад мекунанд. Бо боварии том гуфта метавонем ки имруз маркази матбуоти акдемия ба яке аз марказхои баланд бардоштани маърифати курсантон тадбил хоҳад ёфт.
Айни ҳол роҳбарии маркази матбуотро, капитани милитсия Сафарзода Саида ба уҳда дошта, наворбардори маркази матбуот сержанти хурди милитсия Камолов Давлат фаъолият намуда истодааст. Ҳамчунин полковники милитсия Асламов Бозорали, полковники милитсия Убайдуллоев Шавкат ва сержанти калони милитсия Ҳайдарзода Обид пайваста бо маркази матбуот ҳамкориҳоро ба роҳ мемонанд.