Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шуъбаи молиявӣ-иқтисодии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

image-24-11-22-03-18Собирзода Хайриддин Маъруф
Дар миёни кафедра ва шуъбаҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ шуъбаи молиявӣ-иқтисодӣ мавқеъ ва аҳамияти муҳим дошта, доираи васеи ҳалли масоили гуногуни молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию маиширо ба зимма дорад.
Шуъба фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуну санадҳои зерқонунӣ, дастуру фармонҳо, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» таҳти №702 аз 25 марти соли 2011, Фармонҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармонҳои сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда аст. Шуъбаи мазкур аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани мактаби миёнаи махсуси милитсияи шаҳри Душанбе таъсис ва то имрӯз фаъолият намуда истодааст.
Аз давраи таъсисёбӣ шуъбаро роҳбарӣ намудаанд:
- Каменская Клавдия Ивановна (солҳои 1970-1971);
- Ходирева Прасковя Игнатевна (солҳои 1971-1973);
- Коледина Раиса Михайловна (солҳои 1973-1979);
- Поклонова Евдокия Николаевна (солҳои 1979-1981);
- Имомназаров Алишер Каримович, капитани хизмати дохилӣ (солҳои 1981-1986);
- Тебиев Феликс Мадчеревич, подполковники милитсия (солҳои 1986-1993);
- Сангинов Насимҷон Абдулазизович, капитани хизмати дохилӣ (соли 1993);
- Расулов Туйғун Мирқозиевич, подполковники милитсия (солҳои 1993-2009);
- Абдуллоев Давлатбек Тағойбекович, подполковники милитсия (солҳои 2009-2014);
- Собиров Аловиддин Ҷабборович, подполковники милитсия (солҳои 2014 то ноябри 2014);
- Акрамов Раҳмоналӣ Қурбоналиевич, полковники милитсия (аз ноябри соли 2014 то апрели соли 2016).
Ашуров Бобоҷон Халилович полковники милитсия 2016- 2022
Аз соли 2022 то инчониб роҳбарии шуъбаро Собирзода Хайриддин Маъруф, полковники милитсия ба уҳда дорад.
Дар рушду инкишофи ин шуъба, подполковники милитсия Тебиев Ф.М, капитани хизмати дохилӣ Сангинов Н.А, подполковники милитсия Расулов Т.М ва Абдуллоев Д.Т саҳми босазо гузоштаанд.
Бо фаро расидани шароити мусоид ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, дар назди кормандони шуъбаи молиявӣ- иқтисодӣ вазифаю уҳдадориҳои боз ҳам бештару масъулиятноктар гузошта шудаанд, ки самтҳои зеринро дар бар мегиранд, аз ҷумла:
- омода намудани лоиҳаву сметаҳои ягонаи даромаду хароҷот ба буҷет ва ҳисобгирии онҳо;
- омода намудани ҳисоботи хароҷотӣ барои таъмини Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- омода намудани ҳисоботи хароҷотӣ барои факултети №4-и Академияи мазкур дар вилояти Суғд:
- ба роҳ мондани назорат аз болои дурусту мақсаднок истифода бурдани захираҳои молиявӣ, иҷрои нақшаҳои молиявӣ, риояи интизоми молиявӣ ва уҳдадориҳои буҷавӣ;
- омода намудани лоиҳаи таъмини музди меҳнат;
- омода сохтани ҳисоботи ҷамбастии оморию молиявӣ ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудани он;
- ба роҳ мондани назорат аз рӯи муомилот ва харҷ намудани воситаҳои пулӣ, арзишҳои моддӣ ва низоми сарфакорӣ.
Айни замон дар шуъбаи молиявӣ-иқтисодии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия подполковники милитсия Собирова Л.С., майори милитсия Юсупов У.Қ., лейтенанти калони милитсия Расулова М.И., хазиначӣ Дарвешова Р.Б. ва муҳосиби шуъба Старастина Л.Н. фаъолият карда истодаанд.
Шуъбаи молиявӣ - иқтисодии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати мо-лиявӣ-иқтисодии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.
Кормандони шуъбаи молиявӣ-иқтисодии Академия дар оянда тасмим гирифтаанд, ки дар самти беҳтар намудани вазъи молиявӣ ва иқтисодии кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият ва қувваю ғайрати худро боз дучанд намуда, мунтазам зи-на ба зина дар иҷро намудани амру фармонҳо ва супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ пешсаф бошанд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...