ШУЪБАИ АДЪЮНКТУРА
Самиев Назар Мурадович – сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон – соли 2020)
Номзади илмҳои ҳуқуқ – соли 2017
Полковники милитсия – соли 2017
Аълочии милитсия соли 2011
Оиладор, соҳиби як фарзанд – соли 2020
Суроға: 734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кучаи М. Мастонгулов 3, Блок Б, 3 ошёна, утоқи 319.
Телефон: +(992) 237 226-33-92
Самиев Назар Мурадович 19 сентябри соли 1975 дар ш.Душанбе таваллуд шудааст.
1994-1998 – таҳсил дар Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2000 – Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон)
2000-2000 омӯзгори кафедраи ҳуқуқи маъмурии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2000-2001 омӯзгори кафедраи ҳуқуқи граждании Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2001-2011 омӯзгори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2011-2013 омӯзгори калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2013-2016 адъюнкти факултети омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия дар кафедраи идоракунии мақомоти тафтиши ҷиноятҳо. 06 апрели соли 2017 дар Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия бомуваффақият тадқиқоти диссертатсионии худро дар мавзуи «Расследование нераскрытых преступлений прошлых лет (по материалам Республики Таджикистан и Российской Федерации)» аз рӯи ихтисоси 12.00.12 – криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ, ҳимоя намудааст. Роҳбари илмӣ – Лавров Владимир Петрович, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор.
Сар карда аз соли 2018 ба ҳайси омӯзгор-ҳамкор дар кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон аз фанни «уголовно-процессуальное доказывание» лексияҳо мехонад.
2017-2017 дотсенти кафедраи ФОҶ факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2017-2020 ба ҳайси сардори факултети № 6 ФОҶ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз18 марти соли 2020 бо фармоиши Вазири корҳои дохилӣ ба вазифаи – сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Аз аввали соли 2020 аъзои Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-002 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Муаллифи зиёда аз 40 адад корҳои илмӣ-методӣ мебошад.
Аз соли 2020 то инҷониб ба омода намудани рисолаи докторӣ машғул мебошад.
Дар зери роҳбарии ӯ 1 нафар рисолаи номзадиро омода намуда истодааст.
ТАЪРИХИ ШУЪБАИ АДЪЮНКТУРА
Шуъбаи адъюнктура воҳиди сохтори таркибии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он ҷиҳати густариш додан ва мустаҳкам намудани махзани илмӣ, баланд бардоштани нуфузи илмӣ дар миқёси муассисаҳои олии таълимӣ ва илмии чӣ ҷумҳурӣ ва чӣ хориҷӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маълумот, тахассуси илмӣ ва педагогии шаҳрвандон соли 2014 таъсис дода шуда, тӯли се сол фаъолияти худро пеш бурда истодааст.
Мақсади асосии таъсиси шуъбаи мазкур ин омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар соҳаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ бо роҳи тақвият додани тайёрии назариявӣ ва тахассусии кормандон ва шаҳрвандон, аз худ намудани усулу воситаҳои тадқиқоти илмӣ ва мустақилона дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои илмӣ вобаста ба бартараф намудани муаммоҳои амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пеш аз ҳама мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Шуъбаи адъюнктура дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008 таҳти № 308 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи илму маориф ва мақомоти корҳои дохилӣ таҳия шудааст.
Ғайр аз ин, барои дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани фаъолияти дурусти шуъбаи адъюнктура аз ҷониби Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии идоравии дахлдор, ки фаъолияти ин сохторро ба танзим медароранд, қабул ва тасдиқ карда шуданд.
Вазифаҳои асосии шуъбаи адъюнктура аз инҳо иборат мебошад:
- амалигардонии барномаҳои давлатии тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;
- ташкили фаъолияти илмӣ-тадқиқотии адъюнктон ва унвонҷӯён вобаста ба ихтисоси илмии дахлдор;
- омӯзиш ва натиҷагирии таҷрибаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар дигар муассисаҳои олии таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо, ва дар асоси онҳо коркарди пешниҳодҳои афзалиятнок вобаста ба мукаммалгардонии самтҳои асосии фаъолияти шуъба ва дурнамои инкишофи он;
- ташкили шароити мусоид барои таҳсилоти муттасил, такмили ихтисоси илмӣ ва илмӣ-педагогии адъюнктон ва унвонҷӯён;
- таъмини ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти илмӣ-эҷодии адъюнктон ва унвонҷӯён бо дигар муассисаҳои олии таълимии давлатӣ, ғайридавлатӣ ва хориҷӣ.
Ҳоло дар адъюнктура кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ аз рӯйи ихтисосҳои илмии зерин омода карда мешаванд:
- 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат;
-12.00.02 – ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ; ҳуқуқи мунитсипалӣ;
- 12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ;
- 12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
- 12.00.09 – мурофиаи ҷиноятӣ;
-12.00.11 – фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ ва ҳуқуқҳифзнамоӣ;
- 12.00.12 – криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ.
Имрӯз воҳиди штатии шуъба аз панҷ нафар иборат мебошад: сардори шуъба – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Самиев Назар Мурадович, муовини сардори шуъба – подполковники милитсия Ҳоҷивалиева Тоҷиниссо Абдуалиевна, ходими калони илмӣ – капитани милитсия Раҳмонӣ Илҳоми Искандарбекзод, муалим-методисти калон – майори милитсия Дадаева Дилбар Астанақуловна ва муалим-методист капитани милитсия Мусоев Шукрулло Ҳикматуллоевич фаъолият мекунанд.
Аз лаҳзаи таъсисёбии шуъба сарварии онро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Юсуфзода Акмал Ҳотам, аз 6 январи соли 2018 то 18 марти соли 2020 Юлдошев Рифат Раҳмадҷонович ба уҳда дошт. Санаи 18 марти соли 2020 бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи адъюнктура Самиев Назар Мурадович таъйин гардидааст.
Дар рушду такомули шуъба дар тӯли фаъолияти он кормандони зерин ба монанди: Муқимова О.Х., Салимов И., Ҳамидов А.С., Абдиев Э.С., Салиев М.Н., Юсуфзода А.Ҳ., Убайдулозода Ф.А., Ҳакимова Г.У., Сафарова С.Н., Иброҳимова А.К. ва Алибаева З.Н. саҳми арзанда гузоштаанд.
Шуъбаи адъюнктура пайваста бо дигар шуъбаҳои аспирантураи муассисаҳои олии таълимӣ ва илмии ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд. Аз он ҷумла ҳамкорӣ дар самтҳои дахлдори шуъба бо Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон, Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россия дар ш. Москва ва ғайра.
Айни замон дар адъюнктура 9 нафар (дар курси сеюм 6 нафар ва дар курси чорум 3 нафар аз рӯйи ихтисосҳои илмии гуногун таҳсил доранд. Ғайр аз ин дар раванди омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар адъюнктура 29 нафар унвонҷӯ тадқиқоти илмӣ гузаронида истодаанд. Адъюнктон ва унвонҷӯён тадқиқотҳои диссертатсионии худро таҳти роҳбарии докторон ва номзадони илм ба анҷом мерасонанд (Раҳимзода Р.Ҳ. Шарифзода Ф.Р., Маҷидзода Ҷ.З., Сотиволдиев Р.Ш., Назаров Н.Ҷ., Шарипов Т.Ш., Ализода А.Ш., Нозиров Н.А., Юлдошев Р.Р., Тошев А.М. ва дигарон).
Бояд қайд намуд, ки дар адъюнктураи Академия на танҳо кормандони сохторҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ, балки кормандони дигар мақомоти давлатӣ (мақомоти судӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ.) ва ғайридавлатӣ таҳсил доранд.
Дар адъюнктура машғулиятҳо аз фанҳои таърих ва фалсафаи илм, психологияи мактаби олӣ, асосҳои методологии тадқиқоти илмӣ, педогогика, педогогикаи мактаби олӣ ва фанҳои ихтисоси илмӣ ба роҳ монда шудааст. Машғулиятҳоро омӯзгорони баландихтисос дорои таҷрибаи баланди корӣ ба монанди доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шарипов Т.Ш., номзади илмҳои ҳуқуқ майори милитсия Юлдошев Р.Р., номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия, Юсуфзода А.Ҳ., Шомаҳмадов Б.А., номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия номзади илмҳои психологӣ, дотсент Расулов С.Х., номзади илмҳои фалсафа Ҷураев Р.З., номзади илмҳои педогогӣ, подполковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ., номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Тошев А.М. мегузаронанд.