Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШУЪБАИ КАДРҲОИ АКАДЕМИЯИ ВКД

OSH 6657САРДОРИ ШУЪБА –Музаффарзода Баҳодур Зариф

Шуъбаи кадрҳо баробари созмонёфтани Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи гурӯҳи кадрҳои собиқ Мактаби миёнаи махсуси милитсияиш. Душанбе ВКД Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.
Роҳбарии ин сохтори муҳимро аввал дар Мактаби миёнаи махсус ва баъди ба Мактаби олӣ табдил ёфтани он, полковники милитсия Мирзоматов Абдураҳмон Мирзоматович (1991-1998) ба уҳда доштанд. Минбаъд дар такмил ва таҳкими шуъбаи кадрҳо полковники милитсия Амирқулов Мамажон (1998-2001 ва 2002-2003), подполковники милитсия Кавгаков Хурсандқул (2001-2002), полковники милитсия Солеҳов Мумин Толеҳович (1998-2001), полковники милитсия Билолов Неъматулло (2006-2007), полковники милитсия
Ғуломов Мурод (2003-2013) подполковники милитсия Одилзода Холмаҳмад Алӣ (2013-2017) ва подполковники милитсия Набизода Маҳмадсаид Исмон (2017-2019) ҳиссагузорӣ намудаанд.
Аз соли 2019 моҳи январи инҷониб сардории Шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро полковники милитсия Абдуллозода Аъзам Ёраҳмад ба уҳдадорад.
Аз давраи ташкилёбӣ то инҷониб дар шуъбаи кадрҳо мутахассисон дар вазифаҳои зерин фаъолият намудаанд:
- Ёрдамчии сардори Мактаби миёнаи махсуси милитсияи ВКД ИҶШС, ӯ-низ сардори гурӯҳи кадрҳо: Ҳотамов Амон (1981-1985), Бобосадиқов Ёдгор Бобоевич (1985-1987), Оленин Анатолий Петрович (1990).
- Муовини сардори шуъбаи кадрҳо: Шарипов Мамуржон Мирзомидинович (1994-1995) .
- Сардори шуъбачаи кор бо ҳайати шахсии факултети № 4 (ш. Хуҷанд): подполковники милитсия Каримов Турумбой Раҳимович (2001-2009), подполковники милитсия Болтабоев Баҳромҷон Абдуазизович (2009-2014) Хокироев Азимҷон Юсупович (2015-2016), Ҷабборова Маҳбуба Абдуғафоровна (2016 тоҳол).
- Сардори шуъбачаи корҳои тарбиявии шуъбаи кадрҳо: Ҳазратқулов Муродқул Рушанович (1995-1998), Қаюмова Людмила Урунбаевна (1999-2001), Кавгаков Хурсандқул (2002-2007), Тажалов Илҳом (2007), Уразов Манон (2008-2013), Шокиров Тоҷиддин Гулмуродович (2013-2014), Раҳимзода Амрохон Абдулло (2014-2017).
- Нозирикалон: Макеев Евгений Яковлевич (1970-1971),
Сарайлов Виктор Хрисанфович (1970-1977), Достиев Музаффар Атоевич (1977-1981), Часова Людмила Георгиевна (1977-1979), Батуров Тоҳир (1987-1989), Махнюк Олег Василёевич (1989-1992), Женко Нина
Нестеровна (1992-1993), Кошелев Григорий Михайлович (1993-1994), Эшонов Маҳмуд (1993-1997), Алихонов Акрам Ҳамидович (1993-1995), Носиров Рустам Рустамович (1993-1994), Мирзомуддинов Эшонхӯҷа (1994-1995), Солеҳов Мумин Толеҳович (1997-2007), Саидолимов Комилҷон Саидмирзоевич (2000-2001), Умедҷони Мирзозода (2008), Азимова Умеда Акбаровна (аз 2013-2017 ).
- Нозир: Лаптева Галина (1987-1992), Каримов Наимҷон Орифович (1992), Нургатина Марина Григориевна (1992-1995), Назирова Дилором Қурбоновна (1993-1995), Олимов Қурбон Олимхӯҷаевич (1994-1995), Нишонова Фотима Ҳайдаровна (1993-1994), Шодиев Аминжон Ҳомидович (1994-1997), Шокиров Рустам Носирович (1995-1996), Азизов Баҳромҷон Бобоҷонович (1995-1998), Шокирова Раъногул Меликовна (1996-2004), Мелвапова Олга Петровна (1994-1996), Соколова Наталя Валеревна (1997-2006, аз 2006-2013 нозири калон), Абдуллоев Умарҷон Икромович (1999-2000), Одилзода Холмаҳмад Алӣ (1999-2004, аз 2004-2013 нозири калон), Расулов Фурқат Абдувалиевич (2002-2003), Саидов Баҳром Насридинович (2002-2003), Аҳмадова Шарқия Абдураҳмоновна (2003-2004), Сатторов Рустам Буриевич (2005-2007), Амонова Малика Тоҳировна (2007-2011), Сафаров Суҳайлӣ Анварович (2013-2015).
- Нозир, ӯ низ сардори клуб: Артемев Иван Тимофеевич (1974-1975), Сумрий Энзу Сабировна (1983-1985), Ҳалимов Сафар (1987-1989), Давлатмаҳмадов Маҳмадрабӣ (1989-1992), Солиев Зикрулло Давлатович (1992-1993), Абдуллоев Нарзулло (1999-2001), Нуров Оятулло Мирзоевич (2013-2017)
- Роҳбари оркестри нафасӣ: Қурбонов Рустам Тухтаевич (1977-1978), Клепов Анатолий Василевич (1978), Хоҷаев Анатолий Манонович (1978-1979), Дашевский Игор Анатолевич (1981-1989), Саидов Исматулло (1985-1987), Салимов Исматулло Икромович (1999-2003), Раҳимзода Амрохон Абдулло (2003, аз 2003-2012 нозир, ӯ низ сардори клуб), Латипов Самиҳ (2005-2006), Садиков Рустам Назарович (2009-2013), Абдуллоев Сажоидин Шарифбекович (аз 2013-2017).
- Корманд-мутахассис: Исаҷанова (Ҳотамова) Алфия Алимбаевна (1975-1980, аз 1980-1985 нозир), Быстрова Олга Михайловна (1976-1979), Сорокина Диана Юрёевна (1991-1992), Попова Людмила Семенова (1993-1995), Кузнетсова Людмила Николаевна (1995), Шозимова Нигина Шораиловна (1995-1996), Соешева Лилия Равилёевна (1997-2004), Азимова Умеда Акбаровна (2005-2007, аз 2007-2013 нозир), Каримова Руқия Қаюмовна (2007-2008), Негматова Гулсара Нуралиевна (2009-2011), Шарифов Маҳмадрасул Муҳмадович (2012-2013, аз 2013-2014 нозир) Захрудинова Маҳина Фахруддиновна (аз 2015-2017).
- Механики синамо: Муминов Қурбоналӣ Табарович (1992-1993).
- Гурӯҳи нозиротии шуъбаи кадрҳо: Воҳидов Мусулмонқул Чориевич (2006-2009), Шонкиев Салим Чонаевич (2009-2010), Гурезов Анвар Қурбоналиевич (2007), Мирзоев Дилшод (2008), Ҷӯраев Дилшод Файзович (2008-2009), Нодирхонов Манучеҳр Донохонович (2015), Холзода Сайфулло Достӣ (2015-2016), Мӯсоев Шукрулло Ҳикматуллоевич (2015-2016), Файзиев Савзалӣ Садирович (2017), Раҳимов Алихон Амирхонович (2016-2017), Нуров Оятулло Мирзоевич (2017), Саиднақшбанди Аваз Анварзода (2017).
сардори шуъбаи кадрҳои Академия полковники милитсия Абдуллозода Аъзам Ёраҳмад (аз моҳи январи 2019-2021).
Айниҳол дар шуъбаи кадрҳо мутахассисони зерин фаъолият карда истодаанд:
- сардори шуъбаи кадрҳо-подполковники милитсия Музаффарзода Баҳодур Зариф
- муовини сардори шуъбаи кадрҳо – полковники милитсия Иброҳимзода Қурбонбег Бовобег (аз моҳи феврали 2018).
- сардори шуъбачаи корҳои тарбиявӣ–майори милитсия Саидмаҳмудзода Зарангез Саиднуриддин (аз моҳи сентябри 2017),
- сарнозири гурӯҳи нозироотӣ оид ба ҳайати шахсӣ – капитани милитсия Бобозода Нилуфар Хушназар (аз моҳи сентябри соли 2020),
- нозири калони гурӯҳи нозиротӣ оид ба ҳайати шахсӣ – лейтенанти калони милитсия Искандарзода Мансур Абдусалом (аз моҳи августи 2020),
- нозири гурӯҳи нозиротӣ оид ба ҳайати шахсӣ – лейтенанти калони милитсия Аваззода Саиднахш Аваз (аз моҳи ноябри 2017),
- нозири калони гурӯҳи ҷобаҷогузорӣ–лейтенанти калони милитсия Нуров Дилшод Рустамович (аз моҳи январи 2019).
- нозири калони гурӯҳи баҳисобгриӣ - капитани милитсия Ғаниева Шукрона Набиевна (аз моҳи марти 2020).
- нозири гурӯҳи ҷобаҷогузорӣ–лейтенанти милитсия Давлатзода Муслима Маҳмадюнусовна (аз моҳи июни 2021).
- нозир, ӯ низ сардори клуб–подполковники милитсия Саидзода Неъматулло Давлат (аз моҳи январи 2021).
- роҳбари оркестри нафасӣ–капитани милитсия Лақаев Сайфиддин Сайфуллоевич (аз моҳи декабри 2017).

OSH 6655

Имрӯз фаъолияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе шуъбаи кадрҳо тасаввур кардан амри маҳол аст. Самти фаъолияти шуъба хеле фаррох ва серҷабҳа мебошад. Самтҳои асосии фаъолияти кории шуъбаи кадрҳо дар марҳилаи имрӯза дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришу талаботи Сарвари Давлат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», Низомнома ва дастурамалҳои амалкунандаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, аз самтҳои зерин иборатаст:
- дуруст ба роҳ мондани сифати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баланд ихтисосу салоҳият нок;
- пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда;
-таъмини волоияти қонун ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;
-ба нақша гирии ҷорӣ ва дурнамои кор бо кадрҳо;
-ташкили аттестатсияи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда;
-баррасӣ ва тайёр намудани мавод барои пешниҳод ба рутбаҳои аввалин ва навбатӣ;
-мукофотонидани ҳайати шахсӣ бо мукофотҳои давлатӣ;
-нишонҳои мақомот ва дигар намудҳои ҳавасманд гардонӣ;
- ташкили омодагии хизматӣ, ҷангӣ ва ҷисмонии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Академия;
- амалигардонии назорати гузаронидани дарсҳо дар гурӯҳҳои таълимӣ;
-ташкили саривақтии баррасии мактубҳо;
- арзу шикоятҳои шаҳрвандон, ки ба шуъбаи кадрҳо ворид гаштаанд;
-андешидани чораҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар кор бо кадрҳо;
- тарбияи ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, садоқат ба касби хеш ва ғ.

Талаботҳо, дастуру низомномаҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчун ин қарорҳои Коллегияи Вазорати корҳои дохилиро сармашқи кори худ намуда, шуъбаи кадрҳо барои беҳдошти вазъи тарбияи наслҳои ояндаи соҳаи ҳифзи ҳуқуқ чораҳои зиёд меандешад. Тамоми чорабиниҳои гузаронидашуда дарасоси нақшаҳои кории тасдиқшуда буда, онҳо саривақт дар муҳлатҳои муайяншуда, гузаронида мешаванд. Пеш аз ҳама масъалаи риояи интизоми ҳарбӣ-хизматӣ, риояи либоси ягонаи низомӣ аз тарафи ҳайати шахсӣ ва ҳам тағйирёбанда ҳамарӯза дар низоми тартиб санҷидашуда, барои ислоҳи ин камбудиҳо чораҳои судманд андешида мешаванд. Яке аз роҳҳои тарбияи ҷавонон вусъат додани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки айни замон фаъолияташон вусъат дода шудааст. Дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мунтазам ба унвони волидайни курсантон мактубҳои миннатдорӣ ва изтиробӣ равона карда мешавад. Илова барин ҷиҳати риояи ҳатмии интизоми ҳарбӣ-хизматӣ дар байни ҳайати шахсии тағйирёбанда ва доимӣ, ва дар руҳияи баланди ифтихори миллию ватандӯстӣ, садоқат ба савганди касбӣ тарбия намудани онҳо бо арбобони барҷастаи илму фарҳанг, шоирону нависандагон, собиқадорону кормандони соҳибтаҷрибаю шинохтаи мақомоти корҳои дохилӣ тез-тез вохӯриҳо ташкил карда мешавад.
Бо назардошти тарбияи фарҳангии ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда, дар ҳайати шуъбаи кадрҳо клуб ва оркестри нафасӣ таъсис додашуд. Онҳо то инҷониб фаъолона фаъолият карда истодаанд.
Аз тарафи шуъба ҷиҳати истироҳату фароғати кормандон ва курсантон низ чораҳои судманд андешида мешавад. Бо ин мақсад сайру гашти гурӯҳӣ ба ҷойҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва гӯшаҳои зебоии табиат, иштирок дар намоишномаҳои театрӣ, кинофилмҳо, консертҳо, осорхона, гузаронидани ҳар гуна озмунҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил карда мешаванд. Инчунин бахшида ба ҳар як ҷашн чорабиниҳои фароғатӣ-фарҳангӣ дар сатҳи баланд, бо иштироки ҳунармандони ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ва ба кор гирифтани кадрҳои соҳибихтисос, забондон, донандаи усулҳои нави идоракунӣ ва технологияи компютерӣ, инчунин баҳри такмили тарзу усулҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, истифодаи имконияту воситаҳои нав дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткориву қонуншиканиҳо, чораҳои қатъӣ андешида мешаванд. Ҳамзамон бо мақсади тозакардани сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз кормандони тасодуфӣ ва ашхосе, ки бо ғаразҳои нопок ба мақомот шомил шудаанд, пешгири аз байн бурдани ҳолатҳои номатлуб, коррупсия ва дигар қонуншиканиҳо дар байни кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҷорӣ намудани интизоми қатъии хизматӣ, баланд бардоштани савияи касбӣ, маърифат ва эҳсоси нерӯмандӣ, ватандӯстӣ, донистани меъёрҳои қонуну тартибот ва риояи қатъии он ҳамарӯза чораҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марказҳои он дар вилоятҳо, шуъбаҳои кадрии ШВКД-ҳои ноҳияҳо ва РВКД-ҳои вилоятҳо, мактабҳои олии ҷумҳурӣ робитаи зич ва ҳамкории муфид дорад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ хеле муҳимаст. Бинобарин, масъалаи мазкур яке аз самтҳои муҳимми таълиму тарбия дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарураст, кина танҳо тарҳи тарбия, инчунин тарҳи таълимро ба таври куллӣ таҷдид намоем. Кормандони шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо як мақсад таъсири корҳои тарбиявӣ баҳри дарки дурусту омӯзиши фанҳои ҳуқуқӣ буда, минбаъд барои ҳимояи манфиатҳои Ватан бо амали нек, аз худкунии донишҳои мукаммал содиқона хизмат менамоянд.

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...